ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Имзо намонед. Ёфтанд роҳи гапгузарониашонро. Не, гӯйӣ, хунрезӣ мешавад? Бе ин ҳам ҳар рӯз хун рехта истоданд. Имзо накунед. Ноиб таъинӣ нест. Интихобӣ аст.
Ҳамин хел фармонро имзо кунед, конститутсия, интихобот ва худатонро бадном ва беобрӯ мекунед. Ягон роҳи дигарашро ёбед. Ҳаргиз имзо накунед.
Ва аз ин сӯҳбат се рӯз нагузашта Прокурори генералиро, дар тангкӯчаи роҳи хонааш, силоҳдорону ниқобдорону мошинсавор чунон зери тир гирифтанд, ки ҷилди мошинаш ва пӯсти худаш ғалбер шуд.
6 Ва Протоколи Муросои миллӣ навишта шуд, ва Президенту ноибаш ва Раиси Шӯройи Олӣ ва мардуми майдони Озодӣ ҳарчанд ки ба мазмуну мундариҷаи он, аз бисёр бобатҳо, розӣ набуданд, ба умеди оромиву осоиштагӣ, вале бо дили нохоҳам, Протоколро имзо карданд; ва шартҳояшро, сари вақт, бекамукост, ба иҷро расониданд,
– ба истеъфо рафтанд, ваколатҳояшонро доданд, аз майдони Озодӣ баромада рафтанд.
Ва лидерҳойи майдони Шаҳидон ва Девони Вазирон, ки худҳошон ташаббускор буданд, ва худҳошон ҷамъ омаданду нишастанду гуфтанду навиштанд, ва Протоколи тайёрро бори гардани Президент карданд, баъди ба имзо расидани Протокол, шартҳойи онро заррае ба инобат нагирифтанд, – қасри Президент ва бинойи Садову Симо ва аэропорту вокзалро озод накарданд; ва майдони Шаҳидонро холӣ накарданд, ва гирифтани силоҳ аз дасти фидоиён дар хаёлашон ҳам набуд.
Ва ба ҳукумати навташкилашон чунин ном монданд, – Ҳукумати муросои миллии Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ва мансабҳоро гирифтанд.
Ва як шабу як рӯзи аввал дар майдон, дар масҷид ва дар ресторан аз ғалабаву зафарҳо гап заданд, ва нест боду муборакбодҳо гуфтанд, ва оғӯшкашиву бӯсобӯсҳо карданд.
Ва дар шаби дигар лидерҳо хабару хости Волдамирҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор