Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва тавсияи ситодҳойи онҳо, ва тадбири хоҷаҳойи маблағгузор, ва нияти такягоҳҳойи хориҷӣ, ва маслиҳати мушовирони ҳарбии манфиатдорро ҷамъбаст намуданд; ва субҳи содиқ омаданд ба идораи Президент, ки аз они худ кардаанд, ва маҷлис оростанд, ва аз вазъи сиёсӣ, ҳадафҳойи оянда ва қудрати ҳарбӣ маърӯзаҳо хонданду шуниданд; ва хулосаи пушту паноҳҳояшонро зам намуданд, ва қарор бароварданд:
Майдонро тарк намекунем. Муборизаро давом медиҳем.
Аз водии Вахш ва аз ноҳияҳойи тобеъи ҷумҳурӣ мардумро бештару бештар ва фаъолтар даъват карда ба майдон мебиёрем.
Бинойи Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати корҳойи дохилиро муҳосира мекунем. Мансабдоронашро, мувофиқи рӯихат, гаравгон мегирем.
Ва берун баромаданд назди анбӯҳи масти пирӯзӣ, ва раиси ситоди Наҷоти ватан ба даст микрофон гирифт:
– Бародарони оқилу доно! Ҳоло ғалабаи мо ғалабаи ниму нимкора. Ба ин ғалабаи андак ғарра нашавед. Фирефта нашавед! Ҳоло корзорҳо дар пеш. Муборизаҳо дар пеш. Мо дар сари роҳем. Аввалин қадамҳоро гузоштем.
Оғози пирӯзиро дидем, аммо ин кифоя нест. Пирӯзиро бояд анҷом дод. Нимкора не, пурра пирӯз бояд шуд. Коммунистони бадбахту беХудоро нимҷону нимбисмил мондан аз рӯйи ақл нест. Хатар дорад. Аз беху бунёдаш несту нобуд бояд кард.
Ва сарлашкар генерали мардумӣ, аз сабаби ҷиҳоду ғазавот ва дарҳойи кушодаи ҷаннат ба рӯйи шаҳидон вазъи дарозе гуфт, ва зимнан давоми муборизаро муайян кард:
– Ҳоло мо идораҳойи муҳимтаринро нагирифтаем. Вазорати корҳойи дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро нагирифтаем. Ҳамаи қувва, сипоҳу силоҳи давлат ва ҳамаи сирри давлатӣ дар ҳамон ҷоҳост. Нагирифтаем, бояд гирем, мегирем!
Ва анбӯҳи одамон мушт гиреҳ карданду ба ҳаво бардоштанд, ва аз бозувони болойи сар дар ҷавлон ва

пешина
аз 435
навбатӣ