Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

муштҳойи гиреҳхӯрда, фазойи майдон пуропури найзаҳойи ҷунбон шуд:
– Мегирем! Мегирем!
Ва нишеб шуданд, ки зуд бираванд ва зуд бигиранд; ва генерали мардумӣ, яке бо либоси низомӣ, дигаре бо саллаву ҷома, яке беришу дигаре бо риш, аз ду паҳлу наъра кашиданд:оллоҳу акбар! Ё марг, ё ғалаба! Ва тӯдаи одамҷӯшаки ришсафеду ришсиёҳ ва навхату бериш ва яктакдору курткапӯш, ва силоҳдору бесилоҳ, ва фидоиву ҷиноиву худнамо, такрор карданд: Оллоҳу акбар! Ё марг, ё ғалаба! Ва аз анбӯҳи мардум пеш баромаданд ва аз майдони Шаҳидон сӯйи бинойи Кумитаи амният равон шуданд; ва наврасону пирон пеш-пеш, ва фидоиёну қумондонҳо дар байн, ва ду мошини зиреҳпӯш аз ақиб мерафтанд; ва бо ҳалҳалаву валвала хиёбони Рӯдакиро лаббалаб пур карда мерафтанд, ва рафтанду аз кинотеатри Ҷомӣ гузаштанд, ва баландтару бадвоҳима Оллоҳу акбар!
гуфтанд, ва биноро иҳота карданд, ва ҷониби дару девораш тир кушоданд, ва фарёд заданд:
– Силоҳатонро партоед! Берун бароед! Таслим шавед!
Ва аз дарун садо баромад, – як бор садойи омехтаи тири автомату гулӯлаи тӯп, ва боз як бор садойи омехтаи тири автомату гулӯлаи тӯп; ва ҳар ду мошини зиреҳпӯш таркиду сӯхт, ва генералҳойи мардумӣ паси деворҳо давиданд, ва қумондонҳо гурехтанд, ва тӯда ҷонҳавл титу парешон шуд; ва хабар то ба майдони Шаоиш дар ҷумҳурӣ» таъсис ёфта буд, бахотири майдони Шаҳидон, илоҷашро ёфтанд, – ба раис дасти ёрӣ дароз накарданд, ва раисро ба дасти қумондони фидоиён доданд, ва қумондонҳидон расид, ва майдоннишинону майдондорон хаймаҳоро партофта, ҳадаҳа ба ҳар гӯша тохтанд, ки сарбозон ҳоло ҳозир расида меоянд, ва …
валекин сарбозон фидоиёнро таъқиб накарданд, ва ба тарафи майдони Шаҳидон ҳам наомаданд.
Ва Ҳукумати Муросои Миллӣ, баъди се рӯзи таъсису ташкил шуданаш, ба Ҳукумати Хусумати Миллӣ табдил ёфт.
Ва Президентро касе суроғ намекард, ва ӯ ҳам одамони даркориашро меҷусту намеёфт.

пешина
аз 435
навбатӣ