Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ба муқобили зӯру силоҳу фидоиёни майдони Шаҳидон, дар паҳнойи мулк зӯрону силоҳдорону тарафдорони Ҳукумати қонунӣ ба по хестанд. Ва ин муқобилон аз аввал ҳам буданд, ва дар ин ҷову дар он ҷо митингҳо мекарданд ва муроҷиатномаҳо мефиристоданд, вале натиҷае намедиданд, – фидоиён таъқибу таҳдиду куштору ғоратро камтар не, зиёдтар мекарданд, ва ба деҳаҳо ҳуҷум меоварданд, ва хонаву дари одамонро месӯхтанд, ва мардум ба фирор маҷбур мешуданд, ва масҷидҳо, ки хонаи Худо буд, вазифаҳойи хонаи ҳукуматро мегирифтанд… Ва деҳаҳову шаҳракҳойи зери таъқиб ва тороҷ, дастаҳойи муқовимат таъсис доданд, ва бо белу хода ба ҷанги рӯёрӯ хестанд; ва сари кор, сар шиканад, – талафотҳойи мудҳиш доданд, ва роҳҳойи силоҳ ёфтанро ҷустанду ёфтанд; ва ситодҳо сохтанд, ки қобилияти ҷанг дошт.
Ва давру даврони силоҳдорон, ки ба мардуми бесилоҳ ҳарчӣ мехостанд бемамониат анҷом медоданд, ба охир расид.
Ва вақту замоне фароҳам омад, ки тирро бо тир ва тӯпро бо тӯп истиқбол мегирифтанд.
Ва дар майдони Шаҳидон ҷаноза хонданд, ҷанозаи «шаҳидони гулгулкафани роҳи ҳақиқат ва озодӣ», яъне ҳамон ҷавонмардоне, ки дирӯз бегоҳӣ, ҳангоми ҳуҷум ба бинойи Кумитаи амнияти миллӣ, қурбон шудаанд; ва пас аз ояту тиловат, дар фотеҳа фатво доданд, ки :
– Ҳар як бандаи Худо, ки имрӯзу фардо, дар ин ҷанг шаҳид мешавад, калиди ҷаннатро ҳамроҳаш мебарад.
Ва Лидери лидерҳо дар таҳният ва тасалло ба пайвандони шаҳидон гуфт:
– Президент ба Протоколи Муросои Миллӣ хиёнат кард. То рӯзе, ки Президент аз мансаб наравад, курсии президентиро холӣ накунад, мо ягон хел муросову мусолиҳаро қабул намекунем.
Ва Лидери сиёсӣ тақвият дод:
– Аз хоби гарон бархезед! Аз Латвия ибрат гиред! Аз Грузия ибрат гиред! Вақти мубориза расидааст. Вақти гуфтугӯву протоколҳову муросоҳо нест.

пешина
аз 435
навбатӣ