Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақти мубориза аст.
Ва минбаъд на аз Латвия ибрат гирифтанд ва на аз Грузия, – дар ин ҷумҳуриҳо ҷанги шаҳрвандӣ нашуд, онҳо бе хунрезӣ табаддулоти давлатиро анҷом доданд ва давлатҳояшонро демократӣ эълон карданд, ва демократҳойи Тоҷикистон, ба ҷуз истеъфойи якеву мансаб гирифтани дигаре, ҳамаи ҳадафҳойи демократияашонро сарфи назар карданд, ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад; ва ҷанге шуд, ки собиқа надошт, – дар ҷангҳо, чун одат, аскар бо аскар меҷангид, ва лашкар бо лашкар меҷангид, валекин дар ин ҷанг фарқ байни ҷангиву аҳолӣ риоя намешуд.
Ва мардуме, ки аз майдони Озодӣ ба хонаҳошон рафта буданд, ва дигар тарафдорони онҳо Ҳукумати Муросои Миллиро эътироф накарданд, ки конститутсионӣ нест, қонунӣ нест, ва бояд ҳукумати қонунӣ барқарор бишавад, вагарна бо зӯри бозуву силоҳ барқарор хоҳем кард.
Ва майдони Шаҳидон шиор партофт, ки «Тоҷикистон давлати исломӣ нест, молу мулки онро талаву тороҷ кардан савоб аст». Ва талаву тороҷ мекарданд, – фақат аз шаҳраки Роғун яксаду панҷоҳ мошини КАМАЗ ба ғорат рафт, ва ҷойи истифода ва тарзи истифодаи он набуду намедонистанд, мошинҳойи наппа-навро вайрон карданд ва оҳанпораҳояшро арзону гарон ба хориҷиҳо фурӯхтанд.
Ва роҳи вилоятро бастанд, – ба орду нон қаҳтӣ омад, ва раиси вилоят назди ҳукумат арз овард, ки «ягон илоҷашро ёбед»; ва Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки «ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрони сиёсӣ ва барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ» таъсис ёфта буд, ба хотири майдони Шаҳидон, илоҷашро ёфтанд, ба раис дасти ёрӣ дароз накарданд, ва раисро ба дасти қумондони фидоиён доданд, ва қумондон ӯро ба ситоди масҷиди Йужний бурд, ва масҷиду фидоиёнашро ду мошини зиреҳпӯши вазорати корҳойи дохилӣ посбонӣ мекард; ва дар масҷид хонаи хосе бо асбобҳойи азобу шиканҷа сохта буданд.
Ва раиси вилоятро ба ҳамон хона дароварданд, ва … Ва азобҳойи сахти ҷисмонӣ ва дардовару ҷонкоҳ додани як фарзанди Инсон аз тарафи як ҳамҷинсаш дар таърих кори наве нест, балки ин ҷаҳли мураккаб ва форти бераҳмӣ хеле куҳна аст, ки усулҳойи рангорангашро ихтироъ кардаанд, ва ҳатто дар киноҳо нишон медиҳанд; ва маъмулан ҳадафи ахбор гирифтан дорад, ки ҷонаш ба лаб ояд, ва тоқат карда натавонад, ва сири ҳарбӣ ва ё давлатиро бигӯяд, ки донистанаш ба манфиати душман бошад.

пешина
аз 435
навбатӣ