Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Валекин қумондон эҳтиёҷе ба ахборе надошт, ва ягон сири ҳарбиву давлатӣ низ дар байн набуд, ва ӯ раисро азоб медод фақат барои он ки аз майдони дигар аст, ва фақат барои он ки масалан, нохунашро бо анбӯр канад, ва дарди ҷони ӯро дар рагу пайванду лабу абрӯяш бубинад, ва кайф бикунад, чунонки бангӣ аз кашидани банг кайф мекунад.
Ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси тоҷикони кӯҳистон даъват карданд, ва масъала гузоштанд, ки «соҳиби давлат моем, мо давлатро бояд бигирем»; ва муаллими ҷуғрофия дар сӯҳбаташ тавзеҳ дод, ки нияти хеле хуб кардаед; Тоҷикистон дар ҳудуди имрӯзааш сарбасар кӯҳистон аст. Агар мо мардуми ду-се дараро тоҷикони кӯҳистон бигӯем, ва мардумони ҳашт-даҳ дараи боқимондаро тоҷик нашуморем, сарҳади бе ин ҳам танги будубоши миллатро боз ҳам тангтар мекунем. Ба нестӣ мерасонем, ки душманони миллати мо ҳазор сол аст, ки дар дил чунин орзу доранд. Баъд ҳамин хел нашавад, ки нияти хуби хубамон, оқибати бади бад ба сарамон биёварад?
Ҳамин хел нашавад, ки дар натиҷаи ҷудойиандозиҳо худамон бо дасти худамон, бо муборизаи мусаллаҳона байни худамон, душманонро ба орзуяшон бирасонем?
Ва муаллимро, пас аз анҷоми кори конфронс, ба ҳаммоми совхози Туркманистон бурданд, ва даҳ рӯз беному нишон шуд; ва аҳли авлодаш даҳ рӯз ҷустуҷӯ карданд, ва ниҳоят дарак ёфтанд, ки мурдааш дар ҳаммом, ва чандин касро восита карданд, ва дусад ҳазор рубл ришва доданд, ва ҷасадашро гирифтанд.
Ва полковники милиса ба дараи Рашт рафту барнагашт, ва ҳамкоронаш кофта-кофта то Калтуч рафтанд,

пешина
аз 435
навбатӣ