ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ва дар Калтуч як даста камондор ба онҳо гуфтанд, ки:
– Ҳамон полковникро мо дидем.
– Дар куҷо дидетон?
– Ҳо дар лаби дарё.
– Ҳоло дар куҷо бошад?
– Дар даруни дарё. Мо доштему даруни бочка андохтем. Даҳонаша сварка кардем. Дангал кардем ба ҷӯши дарё. Ҳоло сурудхонон мераваду меравад.
Ва қумондони совхози Куйбишев, электрики дирӯза, подполковники имрӯза, ба муносибати аз дасти фидоиён озод кардани деҳа, тӯй дод; ва ошпази собиқ президентро ҷеғ зад, ва ошпаз бо ду шогирдаш омад, ва қумондон фармуд, ки «аз ҳамон таъомҳое, ки барои Ӯ мепухтӣ, барои шербачаҳои мо мепазӣ». Ошпаз пурсид:
– Масолеҳ ҳаст?
– Масолеҳро худат ёбу биёр, – гуфт.
– Аз куҷо ёбам? Ин қадар масолеҳ дар деҳа нест. Мардум ҳама қашшоқ. Дар ноҳия ҳам ёфт намешавад.
Ва қумондон Калашниковро рост карду як шогирди ошпазро шартӣ парронд.
Ва ошпаз зону зад бо илтиҷо:
– Напаррон. Ягон илоҷашро меёбам.
Ва рӯзномаҳойи озод, мубаллиғони озодии сухан ва озодии виждон, ва садову симойи мардумӣ, хабарҳо чоп мекарданду нишон медоданд аз ваҳшигариҳо, ва ба фаҳми худашон, озодонаву холисона, ва дар асл иғвогаронаву бевиждонона, ва касе пул диҳад, ҳамонро сафед мекарданд, ва гуноҳи якеро ба гардани дигаре мепартофтанд, ва аҳолӣ намедонист, ки ба кадомаш бовар бикунад; ва якдигарбадбинӣ ба маротиб меафзуд, ва қасосгирӣ дар дилу сарҳо хона мемонд, ва дӯст бо дӯст душман мешуд, ва деҳаҳо месӯхт, ва хуни ноҳақ мерехт.
Ва ситодҳойи ҳарбии ҳар ду тараф Наҷоти Ватан ном дошт, ва сокинони Ватан ба чор тараф гурезону саргардон буданд, ва аҳолӣ либосу палосу асбобу анҷоми хонаашро сари кӯча бароварда ба фурӯш мемонд, ки як пули сиёҳе биёбаду гарду гурди хӯрдание бихарад; ва бохираду бехирад сарфаҳм намерафтанд, ки инҳо кадом Ватанро аз зулму ситами кадом ғосибу истилогар Наҷот медиҳанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор