ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва бозори ояндабинҳову валиҳову ғайбдонҳо тафсид, – дар дохили мулк ва дар хориҷи он қаламкашоне фаъол шуданд, ки аз тақдири минбаъдаи Тоҷикистон мақолаҳо менавиштанд, ва пешгӯйиҳо мекарданд, ки ояндаи ин давлат тираву тор аст, ва анқариб ба маҳалҳову қавмҳову қабилаҳову авлодҳо ҷудо мешавад, ва аз давлати яклухти мутамарказ ному нишоне намемонад, ва дар ҳар як водӣ як мире ва ё як шоҳе ҳукм меронад, чунонки дар асри нуздаҳ буд.
Ва шоире, ки ба умеди «ваҳдату якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бовару эътиқоди «миёни нирӯҳои ба ҳам муқобил фавран оташбас эълон мешавад», вазифаи миёнаравиро ба гардан гирифт, ва дар иншову таҳрири «Протоколи созиши байни Раиси ҷумҳур, Девони Вазирон, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ҷунбишҳои мардумии Тоҷикистон» заҳмат кашид; ва умре дар омӯзишу тафтиш буд, ки сабабҳойи паҳну парешонӣ, ва камзарфии сиёсӣ ва саришта карда натавонистани давлату давлатдорӣ ва мулкҳову шаҳрҳоро партофта ба кӯҳсори касногузар паноҳ бурданро ёбаду ба мардум бигӯяд; ва воқеъаву ҳодисаҳоеро, ки баъди таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ рӯй дод, бо чашми худ бидид, ва мағзи сараш таркид, ки сабаби он ҳама бохтҳо худи соҳибони Ватан будаанду мо гирди ҷаҳон сабаб кофта гаштаем; ва ҳарчанд медонист, ки фарёдаш фарёдрас надорад, дардаш дар дилаш нағунҷид, ва боз фарёд кашид:
Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагӯям,
Кӣ шикаст мӯҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям.
Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи мо?
Кӣ рабуд ганҷи моро? Ту напурсу ман нагӯям.
Кӣ чӣ кард бо Самарқанд, ки чунин нагунаш афканд?
Кӣ чӣ кард бо Бухоро? Ту напурсу ман нагӯям.
Зи ҳазорсола таърих? На! Ҳазорсола таъхир?
Ту напурс, ҷони бобо, Ту напурсу ман нагӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор