ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Кӣ маро чунин пароканд? Кӣ туро ба хун биёганд?
Зи Худост ё худи мо? Ту напурсу ман нагӯям.
Хабаре зи асли худ не, сафаре ба васли худ не,
Ману ту ҳаем оё? Ту напурсу ман нагӯям.
На Куруш, на хурӯше, на ситез, на тамизе,
Чӣ нишон зи бахши фардо? Ту напурсу ман нагӯям.
Ҳама рафта кӯ ба кӯе, нашавем рӯ ба рӯе,
Кӣ гирифт мулки Доро? Ту напурсу ман нагӯям.
Раҳи куфру дин чӣ ҷӯӣ, ту зи нафси ину он гӯй,
Кӣ бувад Калашниково? Ту напурсу ман нагӯям.
Ту гулӯи чашма бастӣ, худи ту зи ман бипурсӣ,
Ки чаро хушкид дарё? Ту напурсу ман нагӯям.
Ту ба маснаде расидӣ, на ба мақсаде расидӣ,
Чӣ шунидӣ аз раоё? Ту напурсу ман нагӯям.
Нарасида бар худимон, нарасем бар Худомон,
Чӣ касем дар ду дунё? Ту напурсу ман нагӯям.
Ва ҷанг доман паҳн мекард.
Ва гурехтану талафоти моливу ҷонӣ додан, ва гиристану вовайло гуфтан, ва бекор мондану паси луқмаи ноне давидан, ва азобҳойи ҷисмониву рӯҳӣ кашидан, азони аҳолӣ буд.
Ва каттагиву молу ҷони одамонро ҷабран гирифтан, ва хандидану кайфу сафо кардан, ва соҳиби кор шудану зиёфатҳойи шоҳона додану хӯрдан, ва лоф задан аз фойдаву неъматҳойи фаровони ҷанг, азони камондорон буд, ки мардум боевик мегуфтанд.
Ва Президенти беқасру бекӯшк дар хонааш нишаста шароби бегазак мехӯрд, ва сарвазиру вазирон ӯро суроғ намекарданд, ва ҳатто касе бо масъалае ва ё маслиҳате наздаш намеомад, ки шикояте бикунад ва ӯ дар ҷавоб ҳамон се калимаи медонистагияш, – мебинем, меомӯзем, мебинем-ро бигӯяд. Ва зиқу зақум буд, ки рӯзе фиристодае аз Шӯройи Олӣ омад ва хабар дод:
– Қарор шуд, ки шумо бо ҳамроҳии аъзоёни ҳукумат, барои ҳалли баъзе мушкилаҳои сиёсӣ, бояд ба шаҳри Ленинобод биравед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор