ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Президент рафт аэропорт бо се нафар посбон, ва аъзоёни ҳукумат пештар аз ӯ омада буданд, валекин баробари расидани вай, худро нишон надода, дар куҷое рӯ пинҳон карданд, ва ӯ ба хонаи ҳукуматӣ даромад ва касеро надид, ва хидматгорони аэропорт ҳам ӯро чандон гарм пешвоз нагирифтанд; ва вазъият зоҳиран хеле шубҳаовар менамуд, аммо вай таҳлил накард, ва хулосае набаровард, ва нишасту қаҳва фармуду интизор шуд; ва ним соат интизор шуд, як соат интизор шуд, на аъзоёни ҳукумат омаданд ва на аз самолиёт хабаре расид; ва баъди як соату понздаҳ дақиқа посбонон ба ташвиш афтоданд ва ранги рӯяшон канд:
– Хонаро боевикҳо муҳосира карданд!
– Чӣ хед муҳосира?!, – ва фурсат нашуд, ки Президент ҷавоб бигирад, ва як даста фидойӣ, автомат ҳамоил, ба хона даромаданд ва силоҳи посбонҳоро гирифтанд ва гирди Президентро печонданд:
– Хона дар муҳосира. Ҳеҷ доду бедоде фойда надорад.
Дар ин ҷо, дар ин момент, танҳо ду тадбир ҳаст. Яке ҷон, дигаре мансаб. Мансабро дӯст медорӣ, ҷонатро медиҳӣ.
Ҷонатро дӯст медорӣ, ариза менависиву бо ихтиёри худат ба истеъфо меравӣ.
Ва Президент ба истеъфо розӣ шуд.
Ва ҳамон замон аъзоёни ҳукумат ҳозир шуданд, ва ин аъзоён раёсати Шӯройи Олӣ буданд, ва таъҷилан дар ҳамон хонаи ҳукуматӣ, дар аэропорт, дар ҳузури боевикҳо, маҷлиси раёсати Шӯройи Олӣ ба кор шурӯъ кард, ва аризаи Президентро ба инобат гирифт, ва истеъфойи ӯро ранги Қонунӣ дод.
Ва аввалин Президенти Тоҷикистон, ки бо усули демократӣ ва умумихалқӣ интихоб шуд, баъди ёздаҳ моҳ, аз тарси ҷон, ба истеъфо рафт.
Ва ҷанги мансабгирӣ дар боло, дар Қаср, як навъ ба охир расид, валекин дар поён, дар районҳо ва дар вилоятҳо ҷанги шаҳрвандӣ шиддате дошт бештар аз пештар; ва аз боло, аз Қаср, бо ташаббуси ҳукумат, дар шаҳри Душанбе, Анҷумани тоҷикони ҷаҳонро даъват карданд, ва аз Амрикову Англияву Афғонистону Қирғизистон меҳмонҳо оварданд, ва як ҳафта дар маҷлисҳойи мутантан аз саҳми бузурги тоҷикон дар фарҳанги ҷаҳон маърӯзаҳо хонданду ваъзҳо гуфтанду кафҳо кӯфтанд; ва зиёфатҳо хӯрданд, ва қадаҳҳо бардоштанду шодбошиҳо гуфтанд, ва сурудҳо шуниданду рақсҳо диданд; ва дар поён, дар Қӯрғонтеппа, ҳамон рӯзҳо тоҷикони мусаллаҳ хонаву дари тоҷикони бесилоҳро валангор карданд ва соҳибони хонаҳоро куштанду гурезониданд, ва шаш ҳазор одам нобуду маҷрӯҳу фирорӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор