ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар шаҳри Душанбе мардум аз тарсу ваҳм ба кӯча намебаромаданд, ва шахсе аз хонаводае паси кори рӯзгор ба магазину бозор биравад, маълум набуд, ки сиҳату саломат ба хона бармегардад ё не; ва таги дарвозаи зовуди нон шабу рӯз пури одам ва пури ғавғо буд, – марду зан ва пиру ҷавон тараддуду талош доштанд, ки илоҷе бикунанд, ва як ё ду буханка хлеб бигиранд, ва силоҳдорон аз болойи сарашон тир мепарониданд…
7 Ва ҷанговарон дар шаҳри Хоруғ Оши оштӣ хӯрданд, – аз ҳар ду тарафи муқобил ҳаштод саркардаву қумондон омад, ва сари дастархон нишастанд; ва ду рӯз баҳсу мунозира карданд, ва забони сулҳу салоҳро ёфтанд, ва иборат аз шонздаҳ банд шартнома навиштанд, ва қавлу байъ шуд, ки ҷанг кори одамони хирадманд нест, ҷанг ватанро вайрону мардумро хонахароб мекунад. Назди одами доно сулҳ беҳтар аз ҷанг.
Ва Дилмурод дар клуби шоҳмот дар хараки бехи девор нишаста рӯзномаҳойи сари зонуяшро варақ мегардонд, ва сарлавҳаи «Созишномаи Хоруғ»-ро дид, ва аз ҷо бархесту рафт болойи сари Қодир, ки вай бо ҳарифи доимияш, бо собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳмати сотсиалистӣ, сар хам рӯйи тахтаи шоҳмот, ғарқи бозӣ буд, ва бандҳойи созишномаи сулҳу салоҳ ва Оши оштӣ хӯрдани тарафҳойи муқобилро бурро ва бо садойи баланд хонд, ки ҳамаи ҳозирон бишнаванд; ва Қодир аз тахта сар набардошт:
– Дафъаи сеюм аст, ки онҳо Оши оштӣ мехӯранд. Лекин рӯйи Оштиро ҳеҷ не ки бубинем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор