Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо на лафзи ҳалол доранд ва на ақидаи устувор.
Ва собиқадор шарик шуд:
– Лафзи ҳалолашро намедонам. Аммо аниқ медонам, ки дар ақида устувор набудан аз хислатҳойи хеле куҳнаи ин мардум аст. Аниқ медонам.
Ва ҳозирон ба даҳони ӯ нигаристанд, ба маъное, ки «ин қадар дилпурсӣ аз куҷо?», ва ӯ саволи ногуфтаро пайхас рафт, ва суханашро давом дод:
– Як мисоли хурдакак: Асбоби ошхӯриро чумча мегуфтем? Мегуфтем! Бегонаҳо омаданду қошуқ гуфтанд.
Мо ҳам чумчаро фаромӯш кардем. Қошуқ гуфтем. Бегонаҳойи дигар омаданду лошка гуфтанд. Мо ҳам лошка мегӯем. Ё ин ки то дирӯз командир мегуфтем. Имрӯзҳо дар забони ҳама қумондон.
Ва Дилмурод лабханди заҳрдоре кард:
– Тутро бо бед муқоиса намекунанд. Ин мисолҳойи шумо ба Оши оштӣ чӣ муносибате дорад?
– Муносибати бевосита дорад, агар ба моҳияташ таваҷҷӯҳ бикунед. Ин ҷо муқоисаи туту бед нест, ин ҷо муқоисаи устувориву ноустуворӣ ҳаст. Ишора ҳаст. Хурдиву калонии мисол фарқе намекунад. Фақат дуруст шарҳ додан ва хулоса баровардан даркор. Биёед,ҳамин мисоли хурдакакро ҳамелбандӣ мекунем. То интиҳойи мантиқиаш мебарем. Асбоби рӯзгор номи аслӣ дошт. Аз берун номи дигар оварданд. Асл фаромӯш шуд. Оварда ҷояшро гирифт. Шаҳр номи аслӣ дошт. Омадаҳо номи дигар монданд. Асл аз байн рафт. Наваш машҳур гардид. Ҳамин тариқ водиҳо, рӯдҳо, кӯҳҳо, кишварҳо, номҳойи таҳҷойӣ доштанд. Ҳар истилогаре омад, он номҳоро дигар кард.
Қабул шуд. Касе муқобил набаромад. Ҳамаи инро ҷамъу тарҳ бикунем ва зарб бизанем, як натиҷа мегирем, – ақли ин мардум дар гӯшашон, на дар сарашон. Бино бар он устуворӣ надорад. Зудтағйир, зудгузар. Лаҳзае дар гӯш, умре фаромӯш.
Ва Қодир эрод гирифт:
– Домулло, ҳамаи мисолҳотон дуруст барин. Лекин бисёр дур рафтед.

пешина
аз 435
навбатӣ