ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Аз мавзӯъ дур рафтед.
– Баракс. Ба мавзӯъ бисёр наздик омадем. Мухтасар мекунем. Агар ба ақидаамон устувор мебудем, дар ин кашокашу ҷанҷолҳойи солҳойи охир, истеъфойи як президент кифоя буд. Мушкилипҳо ғун оварданд. Ва қодир шуданд ба пешгирӣ ва зарба задан. Ва фидоиёни Наҷоти Ватанро осон мешуданд. Даъвойи дигаре намемонд. Дар амал чӣ шуд?
Худатон дидед. Як талабу даъворо имрӯз қонеъ гардонанд, ба ҷойи он ки ором бишаванд, фардо ду талабу даъвойи дигар пеш меоварданд, ором намешуданд. Ҳамин аст ақида ва андешаи устувор?! Не, ба устувории ин оши оштӣ хӯрдану созишнома навиштану дар газет чоп карданашон, ман бовар надорам. Намурем, мебинем.
Ва диданд.
Ва саркардаву қумондонҳо аз Хоруғ барнагашта, дар ин ҷову он ҷо ҷанг сар зад; ва акнун ҷанг, ба мисли пештара, ҷангҳои ҳарҷозанак ва ғофилгир набуд, акнун ҳар ду ҷабҳа фронт доштанд, ситоди марказӣ доштанд, афсарони таълимдидаву касбӣ доштанд, мушовирони хориҷӣ доштанд. Ва акнун ду майдон дар шаҳри Душанбе аз ду микрофон ба тарафи якдигар гап намепарониданд, балки аз Душанбе ҷониби ағбаи Шаршару водии Вахшу Ҳисор ва аз Ёвону Вахшу Ғозималику Ҳисор тарафи Душанбе тиру тӯп мепаронданд.
Ва аҳолӣ дар байни обу оташ монд.
Ва Волдамирҳо ба ситодҳояшон барқия паси барқия мефиристониданд, ки «ҷанги тоҷикон бо тоҷикон аз нияту аз чашмдошти мо, ки андаке меҷанганд ва мӯҳтоҷ ба халосгар мешаванд, ва он вақт рӯ ба мо меоваранд, ки бе мо давлатдорӣ карда наметавонанд, даҳ қади найза ҷоҳилонатар мешавад. Ба дараҷае, ки роҳгузаронро медоранду мепаронанд. Хона ба хона даромада одамеро, ки аз маҳали худашон нест, мекушанду ғорат мекунанд. Ба тахмин то ҳол қариб сӣ ҳазор одам талаф шудааст. Ҳар як мақтул хешу табор дорад, ки ба қасос гирифтан миён мебандад. Мақтулон ду баробар меафзояд. Қасосгирон ҳам ду маротиба зиёд мешавад. Ҳамин хел беохир. Ҳамааш аз бедавлатӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор