ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Рӯяш дуд кард, ҳезуми нимсӯхта барин сип-сиёҳ шуд. Вафот кард. Баъди ҳамин дар деҳа офат омад. Ҳар рӯзи Худо як-ду одам сиёҳ дуд мекунаду мемурад. Мо ба қозии тумон хабар додем. Он кас гуфтанд, ки назди муфтӣ равед. Рафтем. Муфтӣ моро ҷанг карданд. Гуфтанд, ки кампирро ҷанозаи пок накардаед. Раведу ба муллоятон гӯед, ки майитро аз хок бароранд, ҳалол ҷаноза хонанд.
Рӯяшро ҷониби қибла монанд. Мо ба деҳа омадем, супоришҳои он касро бе каму кост ба ҷо овардем. Лекин бало дур нарафт. Акнун ин бало ҳар рӯз ба сари се-чор оила меояд. Ночор арз ба Шумо овардем.
Ва нӯкар ӯро бурд пеши Амир, ва Амир арзи ӯро шуниду ранҷид:
– Саҳроиҳои бефаросат! Ба куҷо арз карданашонро намедонанд! Ин кори муфтӣ, кори оламиён! Равед, дардатонро ба ҳамонҳо гӯед!
Марди ғалча ноумед шуд ва нӯкар аз оринҷи вай гирифта берун бурд; ва Иван Маленкий, ки ҳамон ҷо буд ва Амир дар муомила ба ӯ хеле меҳрубонӣ мекард, худро нозғунҷ пиндошт ва бо оҳанги як дараҷа лутфомез, луқма партофт:
– Ҷаноби Олӣ. Бино ба нишонаҳое, ки ин мард гуфт, дар он деҳа вабо омадааст. Ёрии тиббӣ зарур.
– Мо ин хел табибҳо надорем. Табиби мо амри тақдиру хости Худост.
– Шаке надорам. Аммо Худо фармудааст, ки «аз ту ҳаракат, аз ман баракат». Баъд дар мулке, ки барои ду гаҳвора чор ҳазор тилло ва барои як зиёфат сад ҳазор танга сарф мекунанд, як мушт тилло дода аз дигар ҷоҳо духтур оварда,пеши ваборо гирифтан, ба назарам, душворие надорад.
Амир бо завқ хандид:
– Меҳмон заб гапҳое мезананд. Тилло ва вабо чӣ муносибате дорад?
Ва Иван лаб газид; ва мулозим бо таъзим дар дами дар пайдо шуд:
– Амирам, аз Ҳисор ба пойбӯсӣ омадаанд. Раъйи Шумо чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё