ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Биёред.
Ва Саид Абдулмӯъмин, писари Амир, ва Раҳматулло, тӯқсабои Ҳисор, бо таъзим ба хона даромаданд; ва баробари дидани рӯи Раҳматулло чеҳраи Амир тира шуд–ин Раҳматулло тӯқсабо дар ҷангҳои Қаршӣ ва Чорҷӯ ҷониби Абдумаликро гирифт, ва пас аз шикасту фирори вай, сар ба таслим фуруд овард, ва ба дарбор омад, узр пурсид, тавба кард, ки «сад бор пушаймонам»; ва Амир, дар ҳамон мавриди нозук ва пуртаҳлукаи пурхатар, аз гуноҳи ӯ гузашт ва аз хиёнаташ чашм пӯшид; вале кина дар дилаш боқӣ монд, ва ҳоло он кина боло гирифт ва он рӯзҳои душвор пеши чашмаш ба ҷилва омад, ва ғазабаш ҷушида ба рӯю мӯяш баромад, ва саломи ӯро алайк нагирифт:
– Баред, ин хоинро! Сарашро гиред!
Ва ҷаллодон гирд гирифтанд ва Раҳматуллоро бароварданд беруни хона, ва бурданд сари бозор. Ва борон меборид. Ва Кравсов, яке аз шарикони Иван Маленкий, дастгоҳи суратгириашро зери боронӣ пинҳон дошта, ба мисли ҳайвон кулук кардани одам, ва чун қассоб сар буридани ҷаллод, ва ҳангоматалабу тамошомуштоқонро сурат гирифт; ва одамони Амир аз ҷунбу ҷӯли вай ба шубҳа афтоданд, ва ӯро дошта, тафтиш карданд, ва дастгоҳи суратгириашро кашида аз дасташ гирифтанд, ва худашро баста назди Амир оварданд:
– Ҷосус будааст. Ҳангоми ҷосусӣ доштем.
Ва Иван телба шуд ва Кравсовро сахт коҳиш кард:
– Ҷои худ ва кори худро намедонӣ! Агар дилат суратгирӣ буд, бояд ки маслиҳат мекардӣ! Аввал аз Ҷаноби Олӣ рухсат мепурсидем, ки суратгирӣ ҷоиз ҳаст ё не? Агар рухсат медоданд, баъд мерафтӣ! Барои чӣ омадайӣ!
Ва Амир фамуд, ки банди Кравсовро кушоянд, ва раъшаи баданашро пинҳон дошт – раъияи Императори Аъзам аст! – ва дастонашро зери бағал гирифт, то ки ларзиданашро касе набинад; ва бо табассуми сохта таскин дод:
– Мо гуноҳи дӯстонамонро нодида мегирем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё