Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар касе, ки даф ва ё дойра дорад, ҳар касе, ки ходаву латтакуҳна ёбад, ба даст гираду ба кӯча барояд.
Латтаҳоро ба сари ходаҳо бандед, ба равған ҷӯлонед, машъал афрӯзед. Дафдорон даф кӯбанд. Дойрадорон дойра зананд. Машъаладорон машъал бардоранд. Дар кӯчаҳо гарданд. Ба ҳавлиҳо дароянд. Ваборо тарсонанд! Ваборо гурезонанд!»
Шаҳр пури садо, пури ғавғо, пури бӯй, пури дуд буд, ва Амир ба шаҳр надаромад; ва рост сӯи вилояти Чорҷӯ рафт, ки пеши роҳи Абдумаликро бандад; ва дар соҳилҳои дарёи Омӯ гурӯҳ-гурӯҳ туркманҳое вомехӯранд, ки аз гуруснагӣ деҳоташонро тарк карда, зану фарзанд ба Худо супорида, нонковӣ баромаданд, ва мардум онҳоро нонталаб меномиданд; ва одамони Амир пурсуков намуда аз он нонталабҳо фаҳмиданд, ки Абдумалик дар музофотҳои Чорҷӯ гашта, сарбоз ҷамъ мекунад.
Дар Афғонистон ба Абдумалик рӯи хуш надоданд – шоҳи Афғонистон ба даҳони лордҳои англис нигоҳ мекард ва лордҳои англис бо генералҳои рус як аҳдномаи гургоштӣ имзо карда буданд, ки «шумо ба манфиатҳои мо дар Афғонистон халал нарасонед, мо ҳам ба корҳои шумо дар Осиёи Миёна халал намерасонем»; ва Нодиршоҳ ки дастнишондаи англисҳо буд, ҳатто вакили Абдумаликро бор надод, ва бар замми ин худаш хотираи нохуше аз муомилаи амирони манғит дар дил дошт,– вақте ки сулолаи онҳоро аз тахт зада афтониданд, вай гурехта ба паноҳи амири Бухоро омад, вале амирро дар пойтахташ наёфт,–вай Ҳисор рафта будааст, ки балвогарони он ҷоро пахш бикунад. Ва Нодиршоҳ, ба умеди ёриву дастгирӣ дидан, аз дунболи ӯ ба Ҳисор расид, ва дар Деҳнав қатли оме, ки Амир карда буд, бо чашмони худ бидид, ва аз ин бераҳмӣ,ки мурдаи пиру ҷавон дар кӯю саҳро пушта-пушта мехобид, сахт мутаассир шуд ва дасти хайру умеди ёрӣ аз ӯ барканд; ва «бемуруватӣ ҳам ҳадду андозае дорад» гуфту бо Амир мулоқот карданро лозим надонист ва баргашта ба Афғонистон рафт; ва бо эмиссарони англис забон ёфт, ва бо мадади ҳарбиву молии онҳо боз ба сари қудрат омад; ва Абдумаликро дастгирӣ накард бо ин сабабҳо; ва Абдумалик пинҳонӣ аз англисҳо андаке силоҳ ва асп гирифт, вале дигар дар он ҷо наистод, азми ба ватан баргаштан кард, ки мухолифони Амирро муттаҳид мекунад ва муборизаро давом медиҳад.

пешина
аз 435
навбатӣ