ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
18 Баъди тановули таоми чошт, қофилаи Амир роҳи Шаҳрисабзро пеш гирифт. Онҳо дар нисфи роҳ буданд, ки аз пеш қосид омад ва хабар овард, ки тӯраи Абдумалик аз Афғонистон баргашт ва омодаи ғазост, ва сипоҳу силоҳи зиёде дорад, ва инглисҳо ваъдаи пуштибониву дастгирӣ додаанд; ва Амир як дастаи мусаллаҳ тартиб дод, ва ба Бойсун фиристонид, ки равед беки Бойсунро гӯед, ки «аҳли аёл ва наздикони тӯраро ҳабс кунад. Дар ҷои дастнорасе нигоҳ дорад. Бо касе сӯҳбат кардан, сухан гуфтан ва гашту гузор намуданашон қатъан манъ аст, ва диду боздиди онҳо бо ошнову бегона тамоман мумкин нест!» Ва ҷилави қофиларо баргардонд ҷониби Бухоро.
Дар Бухоро ҳашар эълон карда буданд–ҳашари ом барои гурезонидани вабо. Зеро ки марди ғалча аз Китоб, аз ҳузури Амир, ки ронда буданд, рост ба Бухоро омад ва ба қабули Аълам рафт ва аз номи Амир ба Аълам қиссаи «дарди бедавои деҳаро» гуфт; ва Аълам Қозикалонро даъват кард ва ҳардуи онҳо ба қабули Қушбегӣ омаданд, ва Қушбегӣ ин қазияро шунида, илова намуд, ки «ман медонам, чунин муромурӣ дар як деҳа не, дар чанд тумон давом дорад. Аз горнизони Самарқанд хабар фиристониданд ба ман. Урусҳои Тошканд ҳам ба ташвишу таҳлуқа афтоданд. Ҳамонҳо мегӯянд, ки ба он тарафҳо вабо омадааст. Раисро ҳам чеғ занем, ягон чора бинем, ки то ба Бухоро наояд». Ва раисро одам монда оварданд, ва чаҳор шоҳсутуни давлат машварат оростанд, ва бо ақлу фаросати муфтии музофот хандиданд, ки «фатвои нодурусте ва бемаънӣ додааст». Ва худҳошон бо маслиҳат ба қарори дуруст ва бамаънӣ омаданд, ки «ҳашари ом даъват кунанд, ва ваборо тарсонанду гурезонанд»; ва чопарҳо фиристонида, ҷорчиҳо бароварданд, ва ҷорчиҳо кӯча ба кӯча гашта, болои бомҳо баромада, ҷор кашиданд: «Нашунидам нагӯед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё