ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Барои он ки ба мо даркор!
Дилмурод қаҳрашро базӯр нигоҳ дошт – бетарбия, беибо «ту» мегӯяд, бешармона фармон медиҳад…
Наврас дид, ки Дилмурод намеҷунбад, автоматро рост кард:
– Ҷоната гиру каҷ кун! Боз аз ҳамон ҳам намонӣ?!
Аз пушти силоҳаш мепарад. Бедареғ мепаронад, хунгирифта. Бо инҳо тую ман карда намешавад. Ва Дилмурод мошинро монду худаш рафт. То ба шаҳр пиёда рафт. Роҳи калон, ки ҳамеша пури мошинҳои одамкаш ва боркаш буд ва тарафи Панҷу тарафи Душанбе думибадум мегузашт, алҳол холист. Дар тӯли роҳ, то ба шаҳр расидан фақат ду мошин дид – як самосвал аз роҳи деҳае баромад ва як волгаи ойнаҳояш сиёҳ бо шасту суръат ба шаҳр даромад.
Шаҳри Қӯрғонтеппа намуди касофатзада дошт – кӯчаҳо ниммурда, магазину ошхонаҳо дарбаста, автобусу таксӣ нест, мардум хол-хол ба назар мерасанд, ки шитоб доранд ва ҳаросону парешон ҳастанд. Ва иморати суди вилоят, ки ҷои кори ӯст, аз пештоқаш тир хӯрдааст ва тирезаҳо шикастааст, ва дарвоза яклабаву маҷақ… Ва Дилмурод ба иморат надаромад, аз роҳаш баргашт. Садои тиру туфанге набуд, вале аз бозори холӣ, аз асфалти кӯчаҳо, аз ҷӯйҳои чиркин ва аз симҳои овезони симчӯбҳо, бӯи ҷангу осори ҷанг ба димоғу ба чашм мерасид.
Дилмурод, барои кӯтоҳ кардани роҳ, аз даруни ду деҳа ва се ҷӯи калон ва ҳафт ҷӯи хурд ва чаҳор пали васеи пахта миёнбур гузашта, ба «Ҳаёти нав», ба ҳавлиаш омад. Табъи хира ва чеҳраи тира дошт. Ҳамсараш аз пиёда баргаштани ӯ ҳайрон монд ва бо савол ба чашми ӯ нигоҳ кард, вале ҷавобе нагирифт – вай бедимоғ буд ва ҳавсалаи гапзанӣ надошт.
Дилмурод ба болохона баромад ва ҳар ду табақи тирезаро калон кушод, ва сари миз нишаст ва лаҳзае сукут кард…, ва сипас ғалладони мизро пеш кашид, ки дар он дафтарҳои куҳна рӯи ҳам чидагӣ буд. Як вақтҳо, вақтҳое, ки вай ба ғалабаи коммунизм ҳеҷ шакку шубҳа надошт, ва худро сарбози содиқи он медонист, ва ҳама гуна чизҳои куҳнаро писанд намекард, дар мавриде ин дафтарҳоро дар дасти падараш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё