ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
дид ва нафоридаш:
– Даронеду партоед! Ҳамин варақҳои пӯсида ба кӣ даркор? Ҷилд дӯхтаву эҳтиёт карда мегардед?!
Падараш бо дили даст ҷилди дафтарро молиш дод, гӯё гарду ғуборашро пок кард:
– Таскин медиҳад. Бисёр зиқ шавам, ҳамин дафтарҳоро варақ мезанам. Муқоиса мекунам дирӯзу имрӯзро.
Ва Дилмурод дафтари дуввумро гирифт, ва болои миз гузошт ва варақ гардонд.
1 Сарҳади давлатҳо дигар шуд.
Рӯзгори мардум ҳам тағйир ёфт.
Хонигарии Қӯқанд аз байн рафт ва дар харитаи Осиёи
Васат, бо зӯри силоҳу сипоҳ ва сиёсату касофати подшоҳи рус, кишваре сохтанд бо номи Туркистон, ва дар ин кишвар, ки аз кӯҳҳои Урал то кӯҳҳои Помир ва аз баҳри Хазар то ба Иссиқкӯлро фаро мегирифт, тартиботи нав ва фаҳмишҳои нав оварданд. Ҳатто амири аморати Бухороро ҳам нав карданд. Аморати Бухоро, баъди аз даст додани вилояти Самарқанд, нимтана шуда буд ва ҳамин ними тан ҳам ба имову ишораи Русия нигоҳ мекард, вале барои зебаш якта Амир шинонда монданд.
Зоҳиран Амири нав аморати куҳнаи Бухороро ба мерос гирифт. Ҳамин хел як анъана ва ақидаи ғуломрӯҳӣ, аз кадом як давраҳои беақлии Одамизод боқӣ мондааст, ки давлатдорӣ меросист ва агар ба тахти шоҳӣ касе биншинад, ки падараш шоҳ набошад, он мансаб ба вай ҳаром аст. Дар Русия ҳам аҳвол чунин буд, ва Амири Бухоро писаронашро, бо навбат, ба Петербург, ба пойтахти русҳо, фиристода буд, ки императори аъзам бубинанду дастгир бошанд. Ва дастгоҳи императори аъзам, аз ду писар якеашро писандиданд, ва ба рӯихати ҳарбиёни хос дохил карданд, ва унвони ҳарбӣ доданд; ва баъди фавти падараш, ба қавли худашон, бо хоҳиши мардум ва раводиди аъёну ашрофи Бухоро, ӯро бардоштанду ба тахт биншинониданд; ва заргарони тоқи Заргарон, якуним моҳ, байни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё