Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тамоми шаб дар изтироб гузашт. Дар ҷузвитомҳо тайёрӣ ба ҷангҳои дарпешистода як дақиқа хомӯш намешуд.
Пагоҳии барвақт ҳавопаймоҳои душман мавқеи ҷанговарони моро сахт бомбаборон карданд. Баъд аз ҳуҷуми ҳавопаймоҳо тӯппаронии пеш аз баҳамлагузарӣ сар шуд. Гулӯлаву минаҳое, ки гоҳ дар пеш, гоҳ дар қафо, ё дар ду паҳлӯ метаркиданд, чангу хоки заминро ба ҳаво бардошта, имкони чашм кушода нигоҳ кардан намедоданд. Аз тӯппаронии пай дар пай замин меларзиду гулдур – гулдур садо медод. Осмонро тирагӣ фаро мегирифт, бӯи ғализи дуди борут ба димоғ зада, роҳи нафасгириро танг мекард.
Ин сар шудани ҳамлаи немисҳо барои рахна кардани хатти мудофиаи дивизияи полковник Людников буд. Аз отделения ба взвод, аз взвод ба рота, аз рота ба баталйон, аз баталйон ба полк ва баъд ба дивизия дам ба дам дар бораи хати пеши ҷанг, ҳаракату амалиёти душман маълумот мерафт.
Ҳамон даме, ки оташу тӯпҳои душман ба дарунтари хатти мудофиа нигаронида шуд, аз тарафи чап ва аз рӯбарӯи ҳамон теппае, ки шаби гузашта Мамараҷаб он ҷо дар пост истода буд, ғулғулаи мотори танкҳо баланд гадиданд. Онҳо аз бешазорҳои дур, аз замини гандумзор, аз роҳи мошингард пайиҳам аввал нуқтаи сиёҳ барин, баъд оҳиста-оҳиста қуттӣ барин, сонӣ хонача барин ва дар охир фили хартуми худро рост карда давида истода барин, аз мили каме ба ҳаво майлкардаашон беист оташ фишонда, чор тарафро бо ғулғулаи мотори худ фаро гирифта меомаданд.
Аз байни ҳамин садою ғулғулае, ки замину осмонро фаро гирифта буд, ба гӯш садои баланди аз даҳан ба даҳан гузаштаи тӯпчиёни мо шунида мешуд:
– Нишон фалон, фалон қадар чаптар, ба сӯи танки душман бо гулӯлаи зиреҳзан оташ!
Баъд аз гулдурроси тӯпҳои мо пеши роҳи танкҳои душманро чангу ғубори дудомези ғафс фаро мегирифт...

пешина
аз 333
навбатӣ