Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худи ҳамон сония ба гирду пеш таркиши сахт садо дода, оҳанпораҳо ҳуштак кашида ба ҳаво париданд. Баъд аз таркиш Мамараҷаб боз ба нишебии теппа чашм дӯхт.Дар пеши назари ӯ кунда барин сиёҳӣ ба чор-панҷ метр поён ғелида рафт... Аз ин ӯ гӯё ғизои рӯҳӣ гирифт. Вай боз ба норинҷаки дуюм даст дароз карда буд, ки дуртар аз нӯги пои худи вай норинҷаки аз пеш партофта шуда таркида, аз по то сараш ба хоку дуд ҷӯлид... Аммо Мамараҷаб ҳеҷ чизро ҳис ва писанд накарда кифташро ҷунбонда боз норинҷаки дуюмро ҳаво дод. Пас аз таркиши норинҷаки дуюм ба сари вай чунон тир борид, ки ба вай имкони сар бардоштан намедод. Бо вуҷуди ҳамин, Мамараҷаб бо дасти чапаш тирдон, бо дасти росташ аз гардани қундоқи автоматаш дошта, аз рост ба чап, баъд аз чап ба рост тир кушод. Боз як норинҷаки дигар ба паҳлӯи рости ӯ афтода таркиду ба сӯи вай хоку кулӯхи бо оҳанпора омехтаро оварда зад.
Рухсораи рости вай, ки ба қундоқи автомат ҷафс карда шуда буд, зараре надиду вале дасту ангуштонашро чизе сӯзондагӣ барин шуд...
Мамараҷаб дар ҳамин вақт ҳам ба ҳеҷ чиз эътибор надода, аз задухӯрди танбатан даст намекашид. Вай боз норинҷаки сеюмро ба даст гирифта буд, ки аз қафои ӯ, аз гарданаи теппа пулемёти «Максим» ба кор даромад. Мамараҷаб, ки ба чашмонаш хун ҷӯшида, дасту пояш маҷрӯҳ гашта буд, ин пулемётро, ба чӣ фикре рафта, пулемёти душман хаёл карду ба ақибаш гашта, дасти норинҷак доштаашро ба ҳаво бардошт...
Дар ҳамин асно Степан ба паҳлӯи вай хазида омада «Миша! Одамони мо омаданд!» гӯён дасти норинҷакдори ӯро маҳкам дошт...

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Худи ҳамон шаб ба тамоми дивизияи полковник
Людников маълум шуд, ки қувваҳои пешҷанги гитлерчиён ба самти марзи мудофиавии ӯ бо қувваи калон
зер карда меоянд. Кашшофони немисҳо, ки онҳоро
Мамараҷабу Степан захмдор карда буданд, дар бозпурсӣ нишон доданд, ки қисмҳои танкӣ ва мотории онҳо аз субҳи рӯзи дигар дер намонда, бояд ба ин ҷо расанд ва хатти мудофиавии нави қисмҳои шӯроиро рахна карда ба сарзамини Волга бароянд...

пешина
аз 333
навбатӣ