Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Сержант Одинаев.
Осмухин бо ҳамроҳии Нозири камаровӣ Сафарро оҳиста ба паҳлӯи Дадабой хобонданд. Сафар беҳуш буд, чашм во намекард. Рӯи ду-се рӯз боз обнадидаи чангу гардзеркардаи вай заб-зард шуда, нӯги биниаш гоҳ-гоҳ мепарид. Гимнастёркааш аз паҳлӯи рост то болои шикамаш суп-сурх хунолуд буд.
Осмухин мӯи ба пешонааш хамидаи ӯро бо дасташ боло карда, ба чеҳраи бехуну беҳаракати вай маҳзун нигоҳ карду чашми гиряолудашро пок карда аз ҷояш хест.
– Лекин, ҷавони ҳақиқатан ҷасур будааст, – гуфт Ванюшин, – ҳамон дақиқае, ки фармондеҳи взводаш тир хӯрду ҳалок шуд, фармондеҳиро ба зиммаи худ гирифта, фашистонро, ки аз қафои танк меомаданд, бо як ҳамла зада ақиб гардонд. Давида рафта ногоҳ ба қарибии заминкане, ки немисҳо ишғол карда буданд, афтид ва боз аз ҷояш нимхез шуда, ба заминкан норинҷак ҳам партофт. Мо гумон кардем, ки вай шояд аз тири душман панаҳ шуда, худашро ба замин партофта бошад. Не, баръакси гумони мо баромад. Ин ҷанговар, ки аз қафои ӯ рафта буд, зуд хунашро дида, ӯро ба канор кашидааст.
– Фармондеҳи дивизия фармуд, ки то фуромадани торикӣ устувор истода, баъд номаълум ротаро ба ақиб кӯчонем, – хабар дод Осмухин бароҳбари сиёсӣ.
– Баъд аз ҳамин қадар хунрезӣ? – пурсид политрук Ванюшин бо ҳайрат.
Осмухин ба гӯши Ванюшин пичиррос зад:
– Немисҳо моро ба иҳота гирифтанӣ...
Баъд Осмухин боз рӯяшро ба Сафар гардонду ба Ванюшин гуфт:
– Мисли ин ки додари худам захмдор шуда бошад...
Чӣ хел бачаи покдил...
– Ҳамаашон бачаҳои хуб. Касе ки кори инҳоро бо чашми худ бинад, баъд чӣ хел мардуми ҷонсупор будани онҳоро мефаҳмад. – Ба сари Сафар даст монда гуфт Ванюшин.
– Ҳа, воқеан, суроғаи хонаашро гирифта мондан лозим, кӣ медонад, ки ӯро ба кадом гӯшаи мамлакат гирифта мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё