Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Оре, Зебӣ номи касест, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳушу ёди кас нахоҳад рафт. Вай муаллимаи мактаби деҳаи мою то ба аскарӣ омаданам ҳамроҳ кор мекардем. Ҳозир ба ҷои ман мудири ҳамон мактаб шуда кор мекунад.
– Бояд хеле духтари зебо бошад?
– Пинҳон намекунам, Зоя. Ба фикрам, худи номаш ҳам ифодаи ҳусну латофати ӯст.
Дар ин асно ба ҳуҷра даромадани Дадабой ва яке аз паси дигар аз хоб бедор шуда пурсупоскунии дигар беморон сӯҳбати Зоя ва Сафарро дар ҳамин ҷо қатъ карданд.
Дадабой рост ба пеши кати Сафар расида, бо қиёфаи нимҷиддӣ дасти росташро ба чаккааш бурда, худро аскарона пешниҳод кард:
– Рафиқ сержант! Аскари отделенияи шумо Дадабой Ёрматов дар ҷанги охирин аз шонаю гарданаш тир хӯрда, барои табобат дар ҳамин бемористон хобидааст.
Баъди ин гузоришии Дадабой Сафар бо завқ дастонашро ёзонда ӯро ба оғӯш гирифтанӣ шуд. Аммо Дадабой фақат ду дасти ӯро сахт фишурд, «Боз оғӯш мекунам гуфта қабурғаи чапатро ҳам нашиканӣ» гӯён оҳиста аз лабони Сафар бӯсид. Сонӣ бо шодмонӣ пурсупос карду ба Зояи сертабассум бо абрӯи чапаш ишора карда гуфт:
– Даҳбошиамон хурӯс барин-ку.
... Рӯзҳои охири моҳи июл – рӯзҳои гарму бешамол пайи ҳам гузашта, ҳар субҳ Сафар аз рӯи одат ба ҳамон шӯълаи ба девори ҳуҷра афтодаи офтоб чашм медӯхту ба хаёл фурӯ мерафт... Боз майдони ҷанг, рота, взвод, отделения, рафиқони худ, лейтенант Осмухин, Сталинград, деҳа, мактаб, модар, Зебӣ, Юнусбобо ва саргузаштҳои Мамараҷабро аз пеши назар мегузаронд...
Тартиби якхелаи госпитал, бӯи дорувор, нолишу фарёди захмдорон, хабарҳои нохуш аз ҷабҳа дили ӯро мефушурданд, зиқ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё