Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба болои ин, захми ӯ хеле суст шифо меёфт, ҳатто аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта наметавонист, рӯзи дароз рӯболо хоб кардан ҳам ба дилаш мезад. Якчанд захмдори дигар, ки бо ӯ дар як вақт ба госпитал омада буданд, аллакай дуруст шуда, пагоҳ – бегоҳ барои аз ин «қафаси» ноилоҷ баромада рафтан тайёрӣ медиданд. Сафар дар чеҳраи онҳо хурсандӣ ва мамнуниятро мушоҳида мекард.
Баъзеи онҳо дар як давра нишаста, ба ҳамдигар мегуфтанд:
– Аз бӯи ғализи доруҳо ва нолиши захмдорони ҳамин госиптал майдони ҷанг сад карат беҳ аст.
– Рост, – мегуфт боз кадомаш сухани рафиқашро тасдиқ карда.
– Бадии кор дар ҳамин, ки ақибнишинӣ... – гуфт як захмдори дигар бо овози аламнок.
– Ҳа, рост, – мегуфт боз як захмдор, ҳаминаш сахт алам мекунад, ки имрӯз ба обу арақ ғӯтида сангар меканию пагоҳ онро фашисти лаънатӣ омада соҳибӣ мекунад.
Ҳамин тавр, рӯзҳо, шабҳо пайи ҳам гузаштанд. Сафар дар ин мобайн чандин захмдорони навомада, чандин захмдорони сиҳат шударафтаро дид.
Рӯзе сардухтури бемористон ба назди Сафар омада, ба ӯ, ки акнун роҳ гашта метавонист, хабари хуш расонда, хурсанд карданӣ шуда гуфт:
– Ана, рафиқ Одинаев, акнун шумо ҳам дар госиптали мо меҳмони ду-серӯза шуда мондед.
Сафар аз ин шод шуда, ба сардухтур Алексей Дмитриевич Романов бо чеҳраи пур аз шодӣ нигоҳ карду гуфт:
– Кошкӣ ҳамон рӯзи ҷавобдиҳӣ зудтар меомад.
Духтур бозуи чапи Сафарро дошта, набзашро санҷиду гуфт:
– Набзатон хеле хуб, боз якчанд рӯзи дигар тоқат кунед, захматон ҳам беҳтар шавад, баъд метавонем ба рухсатӣҷавоб диҳем.
Сафар ба сӯи духтур фурсате саволомез нигоҳ карда монд.

пешина
аз 333
навбатӣ