Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Оре, ба рухсатии беморӣ, – такрор кард духтур ҷавобан ба нигоҳи саволомези Сафар, – бо ҳамин баҳона як-ду моҳ ба диёратон рафта, ҳам ёру дӯстонатонро мебинед ва ҳам хуб иститроҳат карда, хеле дармон меёбед.
Калимаҳои диёр, ёру дӯстро шунида, баногоҳ чеҳраи Сафар беихтиёр шукуфт, чашмони маъюсу маҳзунаш шӯълавар гардиданд. Аммо ин ҳолати ӯ дер давом накард. Дарҳол ба фикраш андешаҳои дигар омаду аз духтур пурсид:
– Пас аз рухсатӣ чӣ мешавад?
– Боз аз комиссия мегузаред, лозим донанд, баргашта ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд, – гуфт духтур, – набошад, қарзи шумо бо ҳамин адо.
«Не, – зуд аз фикраш гузаронд Сафар, – аз ин тавр мисли моку рафтануомаданҳо муроде ҳосил нахоҳад шуд. Оё як-ду моҳ дар назди модар, Зебии маҳбуб, ёру дӯстони қадрдон монда, боз аз онҳо дил канда баромада омадан осон аст? Агарчи барои адои вазифа ман дил канда тавонам ҳам, оё модари мушфиқам ва Зебии азиз бори дуюм дар доғи ҷудоӣ бадтар ҷигархун намешаванд? Агар комиссия дигар ба хизмати ҳарбӣ лоиқ набинад, чӣ мешавад? Магар борҳо аризаю талабнома навишта, охир бо ваъдаҳои калон аз назди дӯсту душман довталабона ба ин ҷо ботантана хеста омадан фақат барои иштирок кардан дар ҳамин ҷангҳои ақибнишинии ду-семоҳа буд?»
– Не, ман дур аз фронт ба ҳеҷ куҷо намеравам! – пас аз ҳамин андешаю мулоҳизаҳои худ якбора қатъӣ эътироз намуд Сафар.
Духтур, Зоя, ду-се бемори дигар, ки аз аввал дар ин ҷо ҳозир буданд ва Дадабой Ёрматов, ки дар айни ба таклифи Алексей Дмитриевич ҷавоб гардондани Сафар ба палата даромада буд, аз гапи ӯ дар тааҷҷуб монданд.
– Аҷабо! – гуфт духтур бо ҳайрат китф дарҳам кашида, – ба ҷои миннатдорӣ ин чӣ ҷавоб?
– Ҳа, даҳбошӣ, кори хуб намекунӣ, – гуфт Дадабой оҳиста ба пеши Сафар наздиктар омада, – ду-се рӯз дар паҳлӯи очат дами беғам задан куҷою дар чангу лойи фронт ғелидаю ҷӯлида гаштан куҷо?

пешина
аз 333
навбатӣ