Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз берун, аз оғӯши дуду чанг як паҳлуӯ фурӯрафтаи бинои дуошёна ба чашм мерасид.
– Палатаи мо, ҷӯраҳо, – гӯён Игнатев бо изтироб ба ҳавлии бемористон давид. Аз паси вай дигарҳо ҳам давиданд. Дар рӯи ҳавлӣ мардуми сафедпӯш гоҳ одам, гоҳ чизу чораҳои дигарро бардошта медавиданд. Дар пеши зинаи дари даромади бино захмдорони бисёреро, ки зинда ё мурда будани онҳоро фарқ кардан душвор буд, баъзеашонро ба паҳлӯ, баъзеашон рӯболо ва баъзеи дигарашонро рӯ ба замин мехобонданд. Аз байни ғалоғула овози буррои комиссар ба гӯш мерасид.
– Зоя Павловна дар куҷост? – мепурсид комиссар.
Баробари шунидани номи Зоя Дадабой, Игнатев ва Сафар ба тарафи дар давиданд. Назди ҳамон хараке, ки имрӯз дар он панҷ нафар шифоёфтагони ҳамин бемористон соатҳои охирини меҳмонии худро гузаронда буданд, шахси сафедпӯше ба рӯю синаи як захмдор парӯ хобида буд. Игнатев давида рафта аз ду оринҷи дастони вай дошта, оҳиста бардошта буд, ки як нӯги рӯймолчаи сафеди ба сараш басташуда суп – сурх хунолуд намуд. Аз паси Игнатев Сафар ва Дадабой аз пой, миён ва сари ӯ дошта, ба болои харак хобонданд.
Аз қафои онҳо Гуреевич ва Йӯлчӣ омада, захмдори қазоқро, ки рӯю синааш хунолуд буд, оҳиста бардоштанд. Вай чашм кушод.
– Зинда ҳастӣ, Ҷӯлдош? – пурсид Йӯлчӣ ва ҳамроҳи Гуреевич ӯро ба як тараф гирифта бурд.
Игнатев, Сафар ва Дадабой ба болои сари Зоя Павловна хам шуда, ба чеҳраи коғаз барин сап – сафеди ӯ чашм дӯхтанд.
– Зоя Павловна! – гуфт оҳиста Игнатьев.
– Зоя Павловна! Зоя! – гӯён Сафар бо нӯги рӯймоли Зоя хуни чаккаи ӯро пок кард.
Зоя бо як нолиши ҳазин оҳиста чашм кушод. Дар ҳамин вақт Дадабой ба болои сари вай наздиктар хам шуда, бо меҳрубонӣ ӯро ном гирифт.
– Зояҷон!

пешина
аз 333
навбатӣ