Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Зоя ба ҳар сеи онҳо давонда, бо чӣ хаёле бошад, ки табассум карданӣ шуд. Вале лабҳои хунпаридаи беҷони вай наҷунбиданд. Ин табассуми ӯро, мисли ҳарвақта, ду чоҳаки хурдакак, ки дар ду тарафи лабони маҳини вай базӯр намоён мешуданд, ифода карданд...
– Зинда ҳастед? – пурсид бо овози ларзони хеле паст Зоя Павловна ва ҳамон замоне, ки аз онҳо ҷавоби тасдиқро гирифт, ду қатраи калони ашк мижгонҳои дарози ӯро тар карда, аз ду бари рухсораш ба гардани хунолудаш лағжиданд...Баробари вай дар чашмони ҳар се ҷанговаре, ки зиёда аз як моҳ дар сояи ғамхорӣ ва меҳрубонии пуршафқати ин русдухтараки ситорагарм шифо ёфта, бо вай ҳамчун хоҳару бародар дӯсти қадрдон шуда буданд, ашк ҳалқа зад...
Дар ҳамин вақт ба болои сари Зоя комиссари бемористон пайдо шуд, ки сар то по либосҳояш гарду хунолуд буд.
Вай ба қиёфаи тамоман тағйирёфтаи Зоя нигоҳи андӯҳгине карду ҳамон дам фармуд, ки зуд ӯро ба палата дароранд.
Дадабой фармони комиссарро шунидан замон Зояро ба рӯи дастони пурзӯри худ беозор бардошт. Сафар ҳам сари ӯро ба рӯи кафи дастони худ гузошта, ҳамроҳи Дададбой ба тарафи палата роҳ гирифт. Дар ин байн Игнатев, Йӯлчӣ ва Гуреевич боз якчанд захмдоронро аз берун ба палата кашонданд.
Рӯи ҳавлии бемористон ғайр аз одамони худи бемористон боз касони аз берун омада ҳам пур шуда буд.
Ҳама ба ин ваҳшонияти калхотҳои гитлерӣ лаънат хонда, ба ёрии касони ҷабрдида мешитофанд. Дар байни онҳо ҳамон кампире, ки бо Сафар дар заминкан вохӯрда буд, низ ҳозир шуда, ба касе бо овози ҳаяҷономез мегуфт...
– Дидед, ба онҳо анбори нафту кӯдаки гаҳвора баробар аст... Коре карда, хуни одамро резанд, бас аст...
Ин нимҷонҳои бечора чӣ гуноҳ доштанд?
Ҳамин вақт аз даромадгоҳи оинаҳояш шикастаи бинои бемористон Дадабой ва аз қафои вай Сафар баромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё