Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ягон ҳуҷҷат доред?
– Ҳа, албатта дорем, – гуфт Игнатев ва ҳамаашон ҳуҷҷатҳояшонро бароварда нишон доданд.
– Дар ҳуҷра мунтазир истед, ҳамин ки мошини ба тарафи шумо мерафтагӣ омад, худам хабар медиҳам.
Лекин мошини рост ба ҷои шумо раванда аз сад якта наояд, дигар ҳамааш то нисфи роҳ меравад. Зарар надорад, аз он ҷо боз ба мошини дигар савор мешавед.
– Майлаш, коре карда, то рӯзи дигар расида равем, мешавад, – ҷавоб дод Игнатев.
Қарибии нисфи шаб онҳо ба як мошине ки картошка бор карда шуда буд савор шуда, ба роҳ даромаданд.
Дар шаби торик мошини чароғҳояш сатру ихфошуда аз роҳҳои пасту баланди саҳрою деҳот дакка хӯрда – дакка хӯрда беист пеш мерафт. Ҳар бори даккахӯрӣ савораҳо, мисли ҳаппак, аз ҷои нишастаашон гоҳ ба ин сӯ, гоҳ ба он сӯи бордони мошин меҷаҳиданд. Шаббодаи аввали тирамоҳ ба рӯю гӯши одам мисли дами корд расида, лабу дастони касро шах мекард.
Сафар дар торикии шаб чизеро набинад ҳам, бо мақсади он, ки саҳрою деҳоти вилояти Сталинград, ин сарзамини дар таърихи рус машҳурро тамошо кунад, дар торикӣ ба ҳар сӯ бодиққат чашм медӯхт. Ба вай танҳо сояи дарахтон, баъзан хонаҳои чоркунҷаи дуртар аз роҳ ва саҳроҳои гӯё ба домани осмон часпида намоён мешуданд. Бо чӣ мулоҳизае бошад, ки ҳамаи инҳоро вай ба деҳаи худ, ба роҳҳо ва саҳроҳои то Сталинобод паҳншудаи диёри худ монанд мекард.
– Як тамоку намекашем? – таклиф кард Игнатев хаёли шарикони худро бурида.
– Канӣ, кошкӣ, – ҷавоб дод Дадабой.
Игнатев аз кисааш тамокухалтаи гулдӯзии худро бароварда, аз он рӯзномакоғази чоркунҷа таҳ кардашудаеро гирифту аввал худаш як порчаашро дарронда гирифт ва баъд ба Дадабой, Гуреевич, Йӯлчӣ дароз кард. Онҳо ҳам якпорчагӣ коғазро ба тамокупечонӣ тайёр карданду аз халтачаи Игнатьев тамоку гирифтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ