Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Акнун дар ин шамол «Катюшаи»1 мо дар мегирифта бошад? – пурсид Игнатев. Баъд ҳамаашон гирдогирди Игнатевро печонда гирифта, бо домани болопӯшашон шамолро панаҳ карданд. Игнатев бо як бор ба санг задани як порча оҳан пилтаи бензинолудро даргиронд. Оташи пилта дар ин шаби торик зардчатоб шӯъла дода, ба рӯи панҷ ҷавон милт – милт равшанӣ меафканд... Баъд аз даргиронда шудани тамоку шаббода зарраҳои оташи папиросро ба ҳаво парронда бозӣ медоронд... Сафар ба ин зарраҳо ҳам бо завқу ҳаваси кӯдакона чашм дӯхта, то ғоиб шудани онҳо нигоҳ мекард...
Уфуқ аз дамиши офтоб шир барин сафед шуда буд, ки мошини онҳо ба деҳаи дарахтзори дар лаби кӯли сунъӣ воқеъбуда даромад.
– Мо ба манзили худ расидем, ҷӯраҳо, – гуфт марди рӯпаҳни қадкӯтоҳ, ки дар гиребони либосаш нишонаи икмолот дошт, аз нишастгоҳи ронанда баромада, – шумоҳо ба куҷо меравед?
– Мо то Дубовка, – гуфт старшина Игнатев.
– Дубовка бошад, аз ин ҷо ду-се километр дуртар истгоҳи роҳи оҳан ҳаст, ана ба ҳамон ҷо равед, бо ягон қатора то қарибии Дубовка, аз он ҷо боз бо ягон мошини роҳгузар рафта мерасед, – ҷавоб дод икмолотӣ.
Игнатев ва ҳамроҳонаш аз мошин фуромада боз пиёда ба тарафи истгоҳи роҳи оҳан ҳаракат карданд. То аз деҳа дур шудани онҳо овози ғозу мурғобиҳо, ки дар кӯлу ҷӯйчаҳо шино мекарданд ва хониши хурӯсҳо ба гӯш расида, ба ҳамаашон фараҳи аҷибе мебахшид.
Бо чақ – чақ онҳо ба истгоҳи роҳи оҳан омадани худро нафаҳмида монданд. Дар истгоҳ ғайр аз ду қатор вагонҳои сурх ва систернаҳои нафту бензин, ки паровози якаш ба ғарб, дигараш ба шарқ нигоҳ карда меистод, дигар чизе ва касе набуд. Игнатев ба хоначаҳои бинои истгоҳ як-як сар халонда, ғайр аз мизу курсиҳои шикаста ва коғазпораҳои паҳну парешон дигар чизе надид. Дар девори берун ба як тахтача бо ҳарфҳои каҷу килеб «Сардори истгоҳ дар тарафи рости
Пилтаи бензинолуд, ки бо чақмоқсанг ва оҳан даргиронда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё