Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

истгоҳ, дар блиндаж» навишта шуда буд. Игнатев ба он ҷо рафта, аз пирамарди ришу мӯйҳояш сап – сафед иҷозат пурсид, ки онҳо ба ҳамин қатора савор шуда, то ҷои таъйиноти худ раванд. Пирамард баъд аз пурсупос ва санҷиш куҷо рафтани Игнатевро такроран пурсид.
Вай боз «Ба Сталинград, ба қисми худ» гуфта ҷавоб дод.
– Ақлам намегирад, ки шумо ба Сталинград рафта тавонед, – гуфт сардори стансия.
– Чаро?
Пирамард чашмонашро аз болои айнак бардошта гуфт:
– Ба ин савол шумо худатон бояд аз ман дида беҳтар ҷавоб диҳед.
– Ҳеҷ чиз нафаҳмидам.
– Рӯзнома мехонед?
– Се-чор рӯз боз рӯи рӯзномаро надидаем.
– Ҳамин тавр? Ин хел бошад, албатта намедонед, – гуфт пирамард ба кадом як коғаз чашм дӯхта. – Хуб майлаш, равед, савор шавед, баъд аз понздаҳ дақиқа меравад, рафта бо чашми худатон бинед, беҳтар аст.
Онҳо боз сафари худро давом доданд. Қатора аз ҳамон роҳи оҳане, ки ҳамин рӯзҳо дар самти шимоли вилояти Сталинград сохта шуда буд, беҳад оҳиста ҳаракат мекард. Ҳатто Сафар ва шарикони вай баъзан дар роҳҳои ҳамвор аз вагонҳо фуромада, баробари қатора хеле вақт пиёда мегаштанд. Ба ҳамин тариқ, торикии шаб қатора онҳоро ба истгоҳе оварда расонд, ки дар ин ҷо ғайр аз се-чор тӯда бор, ки болояшон бо брезент пӯшида шуда буд, дигар ҳеҷ чиз дида намешуд.
Чор тараф биёбон, боди сарди сахт аз чашмони кас об мебаровард. Ягон сиёҳии одам ба назар намеафтод.
Танҳо буғи паровоз ва аз зери оташдони вай ҳар замон лаппас задани оташ намудор мешуд.
– Ана ба биёбони Сталинград ҳам расидем, – гуфт Гуреевич дар ҷои истодааш гирд гашта.
– Хӯш, рафиқ старшина, акнун чӣ кор мекунем? – пурсид Сафар.
– Ҳозир, – гӯён Игнатев ба пеши қаторарон давида рафт ва аз ӯ дар ин ҷо будан ё набудани ягон касро пурсид.

пешина
аз 333
навбатӣ