Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ин қадар бӯи дилкаш аз куҷо меояд, гӯем, бӯи оши Бибӣ будааст.
Аз паси онҳо, ду-се қадам сонитар Мамараҷаб ва Зебӣ ҳам расида омаданд.
– Эҳе, ана, олам гулистон, марҳамат, – гӯён Юнусбобо ва баробари ӯ дигарон аз ҷояшон хестанд. Юнусбобо илова кард. – Модарарӯси ҳар дуямон ҳам домодони худро дӯст медоштаанд, ба болои ош омадед.
Раис ва котиби ташкилоти ҳизбӣ бо ҳама як-як ҳолпурсӣ карда, аз давраи колхозчиён ҷой гирифтанд.
Зебӣ ва Мамараҷаб ҳам аз поёнтари дастархон нишастанд.
– Корҳо чӣ хел, Юнусбобо? – ба Юнусбобо рӯ овард раис-акои Олим.
– Имрӯз аз дирӯза беҳтар, раис, – ҷавоб дод Юнусбобо, нав омадагонро ба таомхӯрӣ даъват карда, – ҳамин тавр бошад ҳам, нисбат ба пахтаи пеш – пеш шукуфта истода баробар расидагӣ карда натавониста истодаем. Барои ҳамин як фикр дорем, ки агар гӯем, эҳтимол ба шумо маъқул афтад.
– Хӯш, канӣ, шунавем, – саволомез нигоҳ карда гуфт Одил Саркор, ки ҳар замон бо ангуштони дасти чапаш мӯйлабашро пок мекард.
– Ҳозир обу ҳаво айни муддао, – ба баён кардани фикри худ сар кард Юнусбобо, – ҳамин шабу рӯзҳо маҳтоб ҳам шир барин. Чӣ мегӯед, ки чидани пахтаро шабона ҳам давом диҳем.
Раису котиби ташкилоти ҳизбӣ баробари шунидани ин сухани Юнусбобо ба ҳамдигар саволомез чашм партофтанд. Баъд Одил Саркор ба ҳозирон муроҷиат карда пурсид:
– Канӣ, ба ин фикри Бобо шумоён чӣ мегӯетон?
Аз ҳама аввал Норбобо ба гап даромад:
– Агар аз ман пурсед, фикри бригадир – фикри маъқул.
Давоми сухани Норбоборо Ҷӯрабойи кулӯтариш, ки то ҳоло хомӯш менишаст, гирифта гуфт:
– Агар пахтаи пухтаро як рӯз начида монем, ғоз кашида еми боду хок шуда меравад, Саркор.
– Оё шабу рӯз кор кардан ба мардум вазнинӣ намекунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё