Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– савол дод акои Олим.
– Ба мо гӯед, аз шабу рӯз кор кардан дида, ҳосилро дар вақташ нағундошта нобуд кардан гуноҳи азимтар мешавад, – ҷавоб дод Умрихола дасти равғанолуди худро ба як кунҷи дастархон пок карда.
– Шабона чидан кори бад не, албатта, вале боз намии пахта зиёд нашавад? – пурсид Зебӣ ба тарафи Юнусбобо нигоҳ карда.
– Пешопеш чида дар суфаҳои хирманҷой паҳн кунем, рӯзи дигар ҳамин, ки офтоби қиёмро хӯрд, намиаш ҳам парида меравад, – ҷавоб дод Юнусбобо.
Баъд аз бо ҳамдигар маслиҳат карда гирифтан, акои Олим ва Одил Саркор ба фикри Юнусбобо тарафдор будани худро изҳор карда, гуфтанд, ки ҳамин рӯз ин масъала баъд аз бо муҳандиси зироат машварат кардан, дар идораи колхоз муҳокима карда хоҳад шуд.
Акои Олим дар давоми сухан ба Юнусбобо таъкид кард, ки:
– Асоси гап дар ташкили меҳнат аст, Юнусбобо, аз вақти кор пурра истифода бурданамон лозим. Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки дар колхозамон дасти корӣ намерасад. Хурду калони Ҷӯйбор дар саҳро. Худатон медонед, ки кори саҳро ҳоло аз мӯи сар ҳам бисёртар аст.
Агар кори худамонро худамон дар вақташ саришта накунем, дар оқибат ҳеҷ кас гуноҳи моро намебахшад.
– Гапатон ҳақ аст, раис, – ҷавоб дод Юнусбобо ва бо нӯги миёнбандаш ришу мӯйлаб ва арақи пешонаашро пок карда, илова намуд: – «Ба умеди Худо нашаву буттаро маҳкамтар дор» гуфтаанд.
– Ҳа, бале Бобо, – ба гап шарик шуд Одил Саркор бо ду зону баҳузуртар нишаста, – ҳозир дар тамоми мамлакат мардум ду дастро чор даст карда кор мекунанд. Шартҳои мусобиқаро ҳам фаромӯш накунед.
– Дар мусобиқа-ку, насиб бошад, дастамон ҳамеша боло мешавад, – ҷавоб дод Бобо.
– Мебинем, Бобо, даъвои дигар бригадаю звеноҳо ҳам калон, – таъкидомез гуфт раис.
– Майлаш, мебинем. Аммо бовар кунед, ки ҷои якум аз мо мешавад, – Юнусбобо торафт бо қатъият ҷавоб медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё