Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шӯларо камтар хӯрда будаед, Бибизайнаб, – гуфта ханда кард Умрихола.
– Аз они худи шавлапаз чӣ қадар бошад? – пурсид Бибизайнаб бо орият.
– Чилу як.
– Ба болояш шавлаашонро ҳамроҳ кунед ҳам, боз ба ман расида наметавонад, – ҷавоб дод Бибизайнаб мағрурона ва ин гуфтаи вай ҳозиронро хандонд. Гулбибӣ ҳам хомӯш намонд.
– Шавлаи моро ин қадар таъна надиҳед, агар боз як даҳан зиёдтар мехӯрдед, пахтаи чидаатон сад килои расо мешудааст, хоҳарҷон!
– Хайр, имрӯз ҳисоб не, Бибеш, канӣ пагоҳ баробар ба кор бароем, баъд маълум мешавад.
Ба ҳамин тариқ, чинакчӣ бо чинакчӣ, звено бо звено, бригада бо бригада натиҷаи кори якрӯзаи худро андоза мекарданду баъзеҳо аз маҳсули зиёди меҳнати худ дилшод мегаштанд ва баъзе қафомондагон бо рӯи турш ва дили хиҷил чӣ гуфтанро надониста, дар ғами кори фардо мешуданд.
Дар ин гуна ҳолатҳо ҳам Юнусбобо ҳамчун дилбардору насиҳатгӯи ҳама ба мобайн медаромад.
– Ҳар кас ба қадри ҳиммату ҳолати худ, рафиқон, – мегуфт Бобо ба мардуме, ки дар охири кор сари хирмани пахта ҷамъ меомаданд, – аз ҳафт то ҳафтодсола ғами кори колхозро хӯрда, ҳамин қадар ҳам кор мекунанд, офарин. Набошад, ҳеҷ кадоми моро касе аз гиребонамон кашола карда ба ин саҳро набаровардааст.
Баъзеҳо имрӯз камтар кор карда бошанд, пагоҳ, албатта бештар кор мекунанд, баъзеҳо бештар кор карда бошанд, пагоҳ аз ин беҳтар кор хоҳанд кард, ана бо ҳамин мебинед, ки боз олам гулистон. Ҳамаи гап дар сидқӣ меҳнат кардан аст. Хайр кӣ меҳнати хуб кард, дили дӯстонро марғуб кард... Ҳамин тавр не, Зебинисо, духтарам?
Зебӣ ба гапдонӣ, бо суханҳои самимона дили ҳамаро ба худ банд карда тавонистан ва бо ҳамин барои равнақу ояндаи кор замина ба вуҷуд оварда тавонистани Юнусбобо мафтун шуда, ҳамаи гуфтаҳои ӯро аз дилу ҷон тасдиқкунон сар меафшонд.

пешина
аз 333
навбатӣ