Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аъзоёни бригада бошанд, аз суханҳои ин бригадири мӯйсафеди кору ҷаҳондида мамнун гашта, гӯё болу пар пайдо мекарданду имрӯз аз дирӯз, фардо аз имрӯз бештар ва беҳтар ба кор мечаспиданд.

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Моҳи шомхӯрдаи чордаҳрӯза, ки мисли кураи азиме аз паси кӯҳу теппаҳои самти шарқии Ҷӯйбор номаълум ба осмон баланд мешуд, рӯи заминро рӯз барин равшан мекард. Водиҳои ҳамвору васеъ, кӯҳҳои сар ба фалак кашида, теппаю кӯталҳои тиллоранг, дарахту себаргаҳои шабнамхӯрда дар оғӯши шӯълаи моҳтоб гӯё хомӯш ба пинак рафта буданд.
Аммо шалолаи рӯди шӯхоби Қаротоғ ва одамоне, ки дар соҳили ин рӯд зиндагӣ ба сар мебурданд, ин пинаки табиатро халалдор мекарданд. Беором кор кардани дастгоҳи ғаллакӯбӣ, дам ба дам бо шӯхӣ ба ҳамдигар гап партофтани деҳқонони ғаллакӯб, аз дур ҳӯп
– ҳӯп гӯён гов рондани кадом як ҷавонмарди хушовоз, дар дами оташ истода то субҳ болғазании челонгари деҳа, дар чайлаҳои саҳроӣ, дар рӯшноии чароғҳои фонус рӯзномаю китобхонии муаллимону талабаҳои синфҳои болоии мактаб аз бедории ҳаёти шабонаи ин сарзамин шаҳодат медоданд.
Ҳамаи ин манзараи дилрабои шаби моҳтоб, ҳаёти аз хоби ғафлат бедори шабонаи деҳа аз пеши назари Одил Саркор, ки аз теппа, аз хирманҷо, аз назди ғаллакӯбҳо ба сӯи маркази деҳа фуромада меомад, мисли навори кино як-як мегузаштанд. Вай гоҳ ба моҳи ба истиқболи ӯ сарбардошта, гоҳ ба пахтазорони нуқрапош, гоҳ ба қуллаҳои оинавор ҷилодиҳандаи кӯҳҳо, гоҳ ба пеш – ба пайраҳае, ки торафт ба поён васеъ ва ҳамвор шуда мефуромад, нигоҳ карда, худ ба худ мегуфт:
«Эҳ, Ҷӯйбори ман, Ҷӯйбори тиллоӣ, ту чӣ қадар зебо, дилкаш! Мардумонат ҳам, мисли шабҳои моҳтобиат софдил, мисли кӯҳҳоят устувор, мисли рӯди шӯхобат ҳамеша дар ҷӯшу хурӯш!»

пешина
аз 333
навбатӣ