Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Пас аз нишастани дигарон Одил Саркор ба Егоров гуфт:
– Ана, бо ҳамин рафиқон мо ҳар бегоҳ ҷамъ шуда, натиҷаи кори якрӯза ва нақшаи корҳои ояндаро муҳокима мекунем, рафиқ Егоров.
Егоров пурсид:
– Оё дар ин ҷо ҳузур доштани ман ба сӯҳбати шумо халал намерасонад?
– Ҳаргиз, рафиқ Егоров, бемалол нишинед, – гуфт раис, – баръакс, аз иштироки шумо фоида бурда, мумкин аст баъзе маслиҳату ёриҳо пурсем.
Егоров розӣ шуд ва ҳамин, ки доир ба корҳои колхоз сӯҳбати сардорони бригадаҳо бо роҳбарони колхоз сар шуд, вай гоҳ ба воситаи Одил Саркор ва гоҳ ба воситаи акои Олим мазмуни гуфтугӯи ҳозиронро фаҳмида гирифта, гоҳ-гоҳ дар дафтарчаи кисагиаш баъзе чизҳоро ёддошт мекард.
Раис аз рӯи рӯйхати калон, ки дар вай маълумоти якрӯзаи чида ба давлат супурдани пахта навишта шуда буд, кори бригадаҳои ҷудогонаро эълон кард.
– Имрӯз ҳам бригадаи Юнусбобо дар аввали рӯйхат, сонӣ бригадаи Салимамак, – гуфт акои Олим ва ба охиртари рӯйхат омада ба сардори бригадаи дигар Ҷамолиддин, ки ҳар ду дастонашро ба бағал зада, бо китфу синааш ба пеш парӯ шуда менишаст, нигоҳ кард: – Аммо бригадаи Ҷамолиддин имрӯз ҳам аз охири рӯйхат дар ҷои якум истодааст.
Ҷамолиддин ҳамон замон дар ҷои нишастааш қоматашро болотар бардошта ба раис нигоҳ кард. Чашми чапи ӯ, ки нобино буда, дар болои гавҳаркаш ба андозаи донаи арзан доғи сафеде дошт, беихтиёр нимроғ пӯшида шуду чашми рости мешиаш саволомез ба пеш нигарист. Дар шӯълаи чароғе, ки дар мобайни шифти идора овезон буд, ин бачамарди миёнсол бо рӯи камгӯшти офтобхӯрда, бо абрувони сиёҳи ба ҳам пайвастааш ба назар каси ороми камгап менамуд.
– Хӯш, Ҷамолиддин, ду-се рӯз инҷониб ба шумо чӣ шуд? – пурсид Одил Саркор.
Ҷамолиддин абрӯвонашро беқаророна поёну боло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё