Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ду-се моҳ шуд, – ҷавоб дод Егоров, – бо як қисми оилаам кӯчида омадам. Вақте ки мутахассисони корхонаи моро ба шаҳрҳои дигар тақсим карданд, мо бо оилаамон хостем, ки ба Тоҷикистон оем.
– Хуб кардед, шаҳрамон пешкаш, – меҳмоннавозона гуфт раис-акои Олим ва аз даромадгоҳи идораи колхоз аз ҳама пештар Егоровро ба даромадан таклиф кард.
Дар идораи колхоз чор-панҷ нафар колхозчиён менишастанд, ки дар байни онҳо пиртаринашон Юнусбобо буд. Ҳамаи онҳо баробари даромада омадани Егоров ва раису котиби ташкилоти ҳизбии колхоз аз ҷояшон бархостанд ва бо меҳмон вохӯрдӣ карданд.
– Инҳо, рафиқ Егоров, як қисми коммунистони мо ҳастанд, ки ба бригадаҳои пахтакорӣ сардорӣ мекунанд, – шиносонд Одил Саркор ва ба Юнусбобо ишора карда, илова намуд, – фақат дар байни инҳо ана ин мӯйсафеди мо ҳизбӣ нестанд, ки ба он кас ҳам, ҳамчун ба коммунист, эътимоди мо калон аст.
Егоров бо Юнусбобо дудаста самимона вохӯрдӣ карду гуфт:
– Яъне, болшевики беҳизб гӯед?
Юнусбобо калимаи «беҳизб» – ро ба таври худ ба маънои манфӣ қабул намуда, дарҳол ба Егоров эътирозомез гуфт:
– Чаро беҳизб бошам? Магар ҳизби коммунистон ҳизби мо ҳам нест?!
Раис-акои Олим гапи Юнусбоборо ба Егоров ба забони русӣ фаҳмонд. Егоров аз ҷавоби Юнусбобо ба шавқ омада, баргашта ӯро сидқидилона ба оғӯш кашиду гуфт:
– Оре, мӯйсафед, шумо мутлақо дуруст гуфтед, ҳизби коммунистон дар ҳақиқат ҳизби шумо, ҳизби ҳамаи халқ аст.
Юнусбобо гуфт:
– Бале, бародари азиз, агарчи дар кисаамон дафтарчаи узвият надорем, аммо аз дилу ҷон ба ин ҳизб вафодорем.
Егоров бори дигар ба Юнусбобо таҳсин хонд ва ӯро бо иззату эҳтиром аз паҳлӯяш ба курсӣ нишонда, баъд худаш ҳам нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё