Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шунидӣ, Ҷамолиддин, оё барои ту айбу шарм нест, ки чилу ду каси усто Салим аз чилу панҷ каси ту бисёртар пахта чидааст?
Ҷамолиддин сари арақшорашро базӯр бардошта, як ба Одил Саркор нигоҳ карду ҳеҷ чиз гуфта натавонист.
Раис ӯро боз таъна дод:
– Баъд аз ҳамин, Ҷамолиддин, беҳтар мешуд, ки аввал аз дасткӯтоҳии худат гиламанд мешудӣ.
– Дуруст гуфтӣ, Олим, ин хел ду даст ба бағал зада, аз ташкили кор бепарво гаштан гирад, дасткӯтоҳ шудан он сӯ истад, дере нагузашта тамоми бригадаашро дар пеши мардуми Ҷӯбор забонкӯтоҳ ҳам карда мемонад, – гуфт Одил Саркор сахт карда.
Пас аз ин таънаҳо, Ҷамолиддин бо як орияти ботинӣ ба даъвои худ асос оварданӣ шуда гуфт:
– Акои Саркор, аз худатон пинҳон нест, ки дар ҳамин қадар замини ҳозираи мо то сар шудани ҷанг чанд кас кор мекарду акнун чанд кас кор мекунад?
Ман ана ҳамин тарафи масъаларо мехостам гӯям.
– Хуб, чӣ кор кунем, – пурсид раис аз шикояти Ҷамолиддин торафт бадқаҳр шуда, – одам намерасад гӯему ҳамин қадар ҳосили бо арақи ҷабини колхозчӣ рӯёндашударо монем, ки ба замин яксон шавад?
Сардори бригадаҳои дигар – Салимамак, Шомуроди қаддароз, Юнусбобо ва дигарон аз Ҷамолиддин чашм намеканданд.
– Ман туро нашинохта истодаам, Ҷамолиддин, – ба ӯ муроҷиат кард Шомурод, – аз азал шодии деҳқон дар мӯлу фаровонии ҳосил асту ту бошӣ, якбора аз ин ба нолиш афтодӣ?!
– Ин танҳо нолиши ман не, – гуфт Ҷамолиддин якравӣ карда, – ту рафта аз колхозчӣ пурс.
Одил Саркор, акои Олим инро шуниданду бадтар ба хашм омаданд. Саркор сахттар гап заданӣ шуду вале дар ин ҷо ҳозир будани Егоровро андеша карда, каме худашро дошта оромона гуфт:
– Ба колхозчӣ иснод наор, Ҷамолиддин, агар ҳақи гапро гӯем, ту бо нағораи ду-се танбали коргурез бозӣ карда истодаӣ. Ба бригадаҳои Салимамак, Шомурод, Юнусбобо ва дигарҳо нигоҳ кун, замини онҳо аз замини ту кам не, ки зиёдтар аст, локин ҳама ба кор аз ҷону дил часпидагӣ.

пешина
аз 333
навбатӣ