Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман аз гапҳои ту ба ҳамин хулоса омадам, ки баъзан мушкилию вазниниҳои дар ин рӯзҳо ба сари мо афтода туро тарсондааст. Лозим мешавад, ки роҳбарияти колхоз, ташкилоти ҳизб инро ба ҳисоб гирифта, чораи аз ин мушкилӣ «халос» кардани туро бинанд... Чӣ гуфтӣ Олим?
– Мутлақо дуруст, – тасдиқ кард акои Олим, – баъд худи Ҷамолиддинро бурда ё ба бригадаи Салимамак ва ё ба бригадаи мана ин Юнусбобо мондан даркор, ки се-чор рӯз чӣ тавр меҳнат кардани аъзоёни зану марди ин бригадаҳоро дида, чашмаш кушода шавад. Худам ҳам ҳамин рӯзҳо дар ҳайрат будам, ки чаро бригадаи Ҷамолиддин дар се-чор рӯзи охир дар пахтачинӣ ин хел мелангидагӣ шуд. Ана, сабаби инро имрӯз худаш ошкор кард. Боз мегӯям, ки дар ҳақиқат мушкилии кор ба миёни ӯ зӯр омадааст.
Баъди ин сухани раис ҳама як дам сукут карда монданд. Авзои Ҷамолиддин боз бештар беҷо шуда, дар ҷои нишастааш бесаришта ҷунбидан мегирифт.
– Ҷамолиддин, додар, ба ту чӣ шуд? – Хомӯширо бурида пурсид Юнусбобо.
Ҷамолиддин қоматашро каме рост карда, чашм аз замин наканда гуфт:
– Ман ин қадарашро гумон надоштам. Гап дар сари аз душвориҳо тарсидан ё натарсидан нест, раис, балки дар сари хавфи ин қадар пахтаро аз беодамӣ дар вақташ чида натавонистанамон аст.
– Ту танҳо хавфро дидию дарҳол дасту по гум кардӣ, – гуфт Саркор, – аммо чораи аз ин хавф пешгирӣ карданро заррае наандешидӣ. Ана, аз ин мӯйсафед – Юнусбобо ибрат гир, ба ҷои нолидану дасту по гум кардан дар бригадаи худ чи ҳунарҳо нишон медиҳад, омӯз.
Ҳама ба Юнусбобо нигоҳи эҳтиромомез карданд.
Юнусбобо худро ба нодонӣ зада, ҳар ду бари ҷомаашро даркору нодаркор оҳиста ду-се бор афшонда гирифту аз нав ба зери ронаш ҷамъ кард.
Саркор сухани худро шарҳ дода, дар бораи чӣ тавр дар бригадаи Юнусбобо хуб ташкил дода шудани кор, дар хусуси чӣ гуна дар ин бригада ба вуҷуд омадани ташаббуси дар шабҳои маҳтоб ҳам чидани пахта гап зад.

пешина
аз 333
навбатӣ