Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз дигарон ба мӯйсафед хушҳолона чашм дӯхта, ба ӯ таҳсинхонӣ карданд. Баъд котиби ҳизб кори хуби бригадаҳои Салимамак, Шомурод ва дигаронро ҳам таъриф карда, дар охир ба Ҷамолиддин гуфт:
– Акнун худат гӯй, Ҷамолиддин, магар шарту шароити кору замини бригадаи инҳо аз бригадаи ту ягон каму зиёдӣ дорад? Мо мегӯем, ки не. Ҳамаи гап ба ҳиммату садоқати худи кас вобаста, бачамард!
Ҷамолиддин боз сархаму хомӯш буд. Ҳама ба вай чашм дӯхта, мунтазир буданд, ки ҳамин ҳоло ба ҷавоб сар мебардорад. Вале ӯ чизе нагуфт.
– Ман як-ду даҳан гап занам, – аз акои Олим Саркор пурсид Юнусбобо ва гуфт: – Ба як ҳисоб Ҷамолиддин ҳақ, яъне пахта бисёру одами мечидагӣ кам...
Баробари аз даҳони Юнусбобо шунидани ин ҷумла, ҳозирон якбора ба вай бо таҳлука ҳайрон нигоҳ карда монданд. Ҷамолиддин бошад, каме шукуфт.
– Валекин, ин ҳоло танҳо астари гап аст, ман мехоҳам, бародарон, акнун ба абраи он диққати шуморо ҷалб кунам. Яъне, ба қавли Ҷамолиддин, гӯё аз нарасидани одам мо на ҳамаи ҳосилро чида метавонистаему нобуд мекардаем. Ана аз ин ҷиҳат ӯ мутлақо тушбераро хом мешуморад.
Дар лабони ҳозирон беихтиёр табассум ҳувайдо шуду дили нав ба таҳлука афтодаашон ором ёфт.
– Оббо, мӯйсафед, – гуфт Салимамак, – як даҳан Ҷамолиддин ҳақ гуфта, қариб табъи ҳамаро хира карда будед.
– Ҳа, худам ҳам, усто Салим, аз теғ кашида нигоҳ карданатон инро зуд пай бурда, қариб гапамро гум карда будам, – ҷавоб дод Юнусбобо ва ба гапаш давом дода, ба Ҷамолиддин гуфт: – Не, Ҷамолиддин, додар, кадом деҳқон ҳосили бо сад меҳнату машаққат парвариш карда расондаашро мемонад, ки еми замин шавад? Ман аъзоёни бригадаи туро мисли панҷ ангуштам нағз мешиносам. Агар се-чорта корчаллонҳои бозорчиро ба ҳисоб нагирем, дигар ҳамаашон деҳқонони корубордида ҷонсӯзанд.

пешина
аз 333
навбатӣ