Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо гуфтору кирдори бригадири ҷавон Ҷамолиддинро хеле сарзаниш кардед, ташаббускориҳои хуби мана ин пирамарди пурдонро бошад, таърифу тавсиф. Ва, билохира, ҳамаи гиреҳ кушода шуду Ҷамолиддин ба талаби худ расид.
Дар ҳаққи рафиқи ҷавон Ҷамолиддин ман ҳам бо фикри мӯйсафеди оқил Юнусбобо пурра шарик мешавам ва мехоҳам гӯям, ки дар ҳақиқат аз як тараф шикояти ӯ каме ҷон дорад. Вай, ба назари ман, ба аскаре монанд аст, ки аввалин бор ба майдони ҳарбу зарб даромадааст. Чунон, ки маълум аст, ин гуна аскар хоҳ – нохоҳ дар аввал дасту по гум мекунад, ба ваҳму ҳарос меафтад, куҷо рафта, чӣ кор карданашро дуруст намедонад. Вале, пас аз он, ки ду-се бор чангу ғубори майдони ҷанг ва дуду бӯи тиру борутро дурусттар чашид, баъд оҳиста-оҳиста қоматашро рост карда, далелу шуҷоатманд мегардад ва рӯзе мешавад, ки на танҳо худаш, дигаронро ҳам ба ҳуҷум ба по мехезонад. Мисли ҳамон, рафиқ Ҷамолиддин ҳам, ба гуфти Юнусбобо, имрӯз ҷавони каме хомтар бошад, пагоҳ – фардо аз оташу ҳарорати суханҳои дилсӯзонаи шумоён аз ҷӯшу хурӯши кори колхоз чунон пухтаю матин хоҳад шуд, ки ҳама ба вай бо чашми таҳсин нигоҳ хоҳанд кард...
Хеле дуруст мекунед, ки ҳоло ба вай дасти ёрӣ дароз менамоед, то ки қоматашро рост кунаду беҳуда пешпо хӯрда наафтад.
Ҷамолиддинро ин гапҳои маънодори Егоров ба хаёлу андешаҳои дур кашола карда мебурданд ва дар дили ӯ як ҳисси аҷиб бедор мекарданд...
Егоров давом дод:
– Чуноне ки ман ҳис мекунам, на фақат як худи бригадаи Ҷамолиддин, балки тамоми колхоз ҳозир душворию азобҳои калонро аз сар мегузаронад. Бинобар ин, иҷозат диҳед, агарчи шумо бо хоксории худ аз мо, яъне аз шаҳриён ёрӣ наталабида бошед ҳам, худи мо ба ёрии колхозатон оем. Дар ҳақиқат, дар саҳро пахта хеле бисёр. Дар вақташ чида ба давлат супурдани он танҳо вазифаи шумо не, вазифаи мо – сарпарастони шумо ҳам мебошад.

пешина
аз 333
навбатӣ