Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Fайр аз ин, корҳои дигари колхозатон низ кам нест. Бинобар ин, ташкилоти ҳизбӣ ва аҳли корхонаи механикии Сталинобод мехоҳанд аз рӯзи дамгирии ҳафтаи оянда сар карда, ба ёрии шумо бароянд – пахта чинанд, ба шикастурехти мактаб, бошишгоҳ, биноҳои колхоз, асбобу анҷомҳои хоҷагии қишлоқ ёрӣ расонанд. Худи ман механик ҳастам, ҳар хизмате ки бошад, бифармоед, оилааам ҳам ғайр аз дар пахтачинӣ иштирок кардан, боз метавонад ба корҳои ҳисобу китоби колхозатон ёрӣ расонад. Хулоса, чизе ки шахсан аз дасти мо ва аз дасти коллективамон меояд, ба хизмат ва ёрии шумо тайёрем, рафиқон.
Он чӣ ки мехостам гӯям, ҳамин аст.
Раис-акои Олим ва Одил Саркор дасти Егоровро аз сидқи дил дӯстона фишурданд. Дар ҷавоб Одил Саркор гуфт:
– Ташаккур, рафиқ Егоров, аз ҷону дил ва аз номи ҳамаи колхозчиён ташаккур...
Ҳанӯз субҳ домани заррини худро паҳн накарда, деҳаи Ҷӯйбор ба по хеста буд. Имрӯз вай нисбат ба ҳаррӯза серодам ва серҳаракат менамуд. Дар назди идораи колхози «Коммуна», ки дару деворҳояш бо шиору лавҳаҳои гуногун зинат дода шуда буданд, гурӯҳ-гурӯҳ занону мардон ҷамъ омада, хушҳолона чақ – чақ ва хандаю бозӣ мекарданд.
Аксари онҳо дар тан камзӯлчаю шалвори пахтагин, дар по мӯза ё ботинкаи корӣ, дар китф борхалтаи хурди озуқа доштанд. Аз байни онҳо баъзеашон ҳар замон ба идораи колхоз даромада, аз рӯи кадом як рӯйхати дар даст доштаашон ҷамъомадагонро ба гурӯҳҳо тақсим карда, мунтазири фармони нав меистоданд.
Fайр аз инҳо, инчунин ба идораи колхоз сардорони бригадаҳои колхоз низ омада мерафтанд.
Аз мобайн дере нагузашта, аз идораи колхоз раисакои Олим, котиби ташкилоти ҳизбӣ Одил Саркор, намояндаи ташкилоти ҳизбии корхонаи механикии Сталинобод Егоров ва боз ду-се нафар колхозчиён баромаданд. Баробари аз дар баромадани онҳо ҷамъомадагон беихтиёр рӯи худро ба сӯи дар нигаронида, ба шунидани хабаре мунтазир шуда хомӯш истоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё