Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Байрақи сурх аз матои сурх мешавад, – ҷавоб дод Зебӣ.
– Матои сурх аз чӣ мешавад? – такроран савол дод духтарак ба эътирози модараш гӯш накарда.
– Матоъро бошад, – боз меҳрубонона ҷавоб гардонд Зебӣ Валяро ба паҳлӯи худ кашида, – аз ресмони ҳамин пахта мебофанд, баъд аз бофтан, мана ин куртаи кабуд, кофтачаи сурхи ту барин, дар фабрика бо ҳар хел ранг оро медиҳанд, фаҳмидӣ, духтари ширин?
– Ҳа, фаҳмидам, – сар ҷунбонд Валя ва пас аз якчанд сония хомӯшӣ боз гуфт: – хола, медонед чӣ, агар якбора аз замин пахтаи сурх мерӯид, чӣ хел нағз мешуд-а?
– Албатта, Валяҷон, хуб мешуд.
Дар ин вақт аз куҷое хониши булбулон ва мурғони саҳро ба гӯш расида, диққати Валяро ба худ кашид.
Духтарак ба модараш навозишкорона гуфт:
– Ана, модарҷон, булбулон месароянд, мешунавӣ? – баробари ин сухан Валя аз паҳлӯи Зебӣ ба зери дарахтони сербарг, ки дар сари роҳ буданд, давон рафт ва аз қафояш расида омадани Зебиро дида, ба вай савол дод:
– Дар ин ҷо булбулон ҳамеша месароянд?
– Ҳа, ҳамеша месароянд, – ҷавоб дод Зебӣ.
– Дар Ленинград ҳам бисёр месароиданд, – бо ҳузни бачагона гуфт Валя, – акнун намесароянд, мумкин ҳамаашон ба ин ҷо парида омада бошанд.
– Чаро намесароянд? – Ақли духтаракро санҷида пурсид Зебӣ.
– Тӯпҳои фашистон лонаи онҳоро сӯзонд.
Зебӣ аз ҷавоби Валя мутаассир шуда, ӯро меҳрубонона ба оғӯш кашид ва дарҳол ба вай бо дилнавозӣ гуфт:
– Ба зудӣ аскарони мо фашистонро зада нест мекунанд, баъд боз булбулони шумо ҳам ба лонаҳои худ баргашта мераванд, духтари ширин.
– Ин қадар маҳмаддоноӣ карда, холаатро аз роҳ нигоҳ надор, Валя! – Дӯг зада гуфт Елена Сергеевна ба назди духтари худ омада. Валя аз дасти Зебӣ баромада, кабквор майда – майда қадам зада, боз ба пеш давид.
Онҳо сӯҳбаткунон то сари чайлаи бригадаи Юнусбобо омаданд.

пешина
аз 333
навбатӣ