Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳамин тавр, рафиқон, – гуфт Егоров ба касоне ки дар рӯ ба рӯи вай рост меистоданд, – ба кор сар мекунем.
– Мебахшед, рафиқ Егоров, як чизро пурсам, – гуфт пеш аз ба роҳ даромадани ҷамъомадагон, – ин борхалтаҳоро рафиқон барои чӣ бардошта гаштаанд?
– Хӯроки худро гирифта омаданд, – ҷавоб дод Егоров.
– Чаро ин хел кардед, гумон мекунед, ки колхози мо бародарони мададгори худро меҳмондорӣ карда наметавонад?
– Гап дар он аст, ки мо ба ин ҷо якрӯза наомадаем, – гуфт Егоров ба эътирози раис ваҷҳ нишон дода.
Баъд аз ҳамин, бо сардории намояндагони ҳар як бригада ҷамъомадагон – коллективи коргарон, хизматчиён ва аъзоёни оилаи онҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба саҳрои васеи пахтазори колхози «Коммуна» даромада рафтанд. Каме дертар, аз паси онҳо зани Егоров
– Елена Сергеевна ва духтари ҳафтсолааш Валя бо ҳамроҳии Зебӣ, аз қафои онҳо Одил Саркор, акои Олим ва Егоров ба сӯи бригадаи Юнусбобо роҳ гирифтанд. Зебӣ, ки аз дасти пахта барин мулоими духтарчаи Егоров – Валя дошта, аз паҳлӯи рости Елена Сергеевна мерафт, ба саволу пурсишҳои кунҷковонаи духтарча бо шавқ ҷавоб дода, ба симои дилчасп, ба мӯйҳои заррини лентаи сурхдор, ба чашмони шӯхи зардчатоби вай нигоҳҳои ҷозибадор мекард.
– Ҳоло, холаҷон, – мегуфт Валя бо овози маҳину беғубори худ, – барои чӣ ранги пахтаатон фақат сафед асту сурх не?
– Ҳозир ҳамин хел пахтаамон сафед аст, Валяҷон, – ҷавоб дод аз саволи духтарак гоҳ дар ҳайрат монда, гоҳ завқида, – лекин рафта – рафта пахтаи сурх ҳам мерӯёнем.
– Набошад, ҳозир галстуки пионерӣ, байрақи сурх аз кадом пахта мешавад? – боз савол дод духтарак аз ҷавоби Зебӣ қаноат ҳосил накарда.

пешина
аз 333
навбатӣ