Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, рӯзи дамгирӣ саҳрои колхоз бо одам пур шуда буд. Аз як тараф аҳли корхонаи механикии Сталинобод, аз тарафи дигар марду зани пахтачини худи колхоз бағал – бағал пахта чида, хирманҷойҳои саҳроро аз ғарами пахта пур мекарданд. Тарозубонон, ки дар буни гӯш қалам, дар даст дафтарчаи ҳисоб дар пеши тарозуҳои худ меистоданд, нисбат ба ҳарвақта имрӯз серкору серташвиштар менамуданд. Дасти онҳо аз сангмонӣ ба тарозуи пур аз ҷуволҳои пахта, аз навиштани килограмҳои нави пахтаи чидашуда ором намегирифт. Яке аз тарозудорони колхоз Ҳотам, ки пахтаи чидаи бригадаи Юнусбоборо бармекашид, дар майдони кушод, дар зери офтоби сӯзон ба обу арақ ғӯтида, як дам ҳам пз пеши тарозу дур шуда наметавонист. Вай пахтаи ба сари тарозу овардашударо ҳам бармекашид, ҳам барои каме хушк кардан ба офтобрӯя паҳн мекард.
Дар айни қиёми рӯз ба сари тарозуи вай Зебӣ, Умрихола ду ҷуволи калон пахта бардошта омаданд.
Зебӣ аввал ҷуволи худ, баъд ҷуволи Умрихоларо ба болои тарозу гузошту остини барзадаашро кушода, бо нӯгаш арақи пешонӣ ва зери мӯйҳои ду чакаашро пок карда, зуд – зуд нафаскашон ба тарозудор гуфт:
– Ҳотамҷон, канӣ баркашед?
– Хӯш, муаллима. Як дам сабр кунед, камтар истироҳат кунед, аз афтатон мебинам, ки хеле монда шудаед, – ҷавоб дод Ҳотам бо дафтарчаи дар дасташ буда синаи арақшори худро бод дода.
– Барои мондашавӣ фурсат нест, додар, – ба гап Умрихола ҳамроҳ шуд, – тезтар баркашида, ҷуволҳоро холӣ кунед, ки корамон шитоб.
– Боз чӣ шитобкорӣ, як бошад, нормаи имрӯзаатонро-ку ду баробар барзиёд иҷро кардед.
– Магар чор баробар зиёд иҷро шавад бад аст? – пурсид фахр карда Зебӣ.
– Канӣ, кошкӣ ҳамин тавр шавад, муаллима, тоқиамро ба осмон партофта, давон – давон барои хабар додан ба назди Мамараҷаб мерафтам, – гуфт Ҳотам.
Зебӣ номи Мамараҷабро шунидан замон, як ба

пешина
аз 333
навбатӣ