Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
атрофаш нигоҳ карду баъд оҳиста аз Ҳотам пурсид:
– Звенои Мамараҷаб чӣ қадар чида бошад, намедонед?
– Ана ҳозир мефаҳмем, хоҳар, соҳиби лавҳаи фахрӣ, талабаи худатон Шокирҷон ҳам омада истодааст.
Талабаи мактаби деҳа Шокирҷон, ки аз ҳар бригадаю звено маълумоти иҷрои меъёрро гирифта, натиҷаашро дар лавҳаи мусобиқаи сотсиалистӣ менавишт, расида омад.
– Канӣ, муаллима, аз они шумоён чӣ қадар шуд? – савол дод Шокирҷон бо саросемагӣ.
– Аввал ту гӯй, аз они звенои Мамараҷаб чӣ қадар?
– ба саволи Шокирҷон савол дод Зебӣ.
– Напурсед, – гуфт бо як ҳисси ғамхорона нисбат ба муаллимаи худ, – қариб се норма. Лекин, дар ҳақиқат дар бригадаи акои Ҷамолиддин пахтаи шукуфта чунон бисёр, ки ҳадду ҳисоб надорад.
– Тез бошед, Ҳотамҷон, – бо изтироб гуфт Зебӣ боз остинашро болотар барзада, – то бегоҳ ба чор норма нарасонем, хоб ҳаром.
Зебӣ, Умрихола пахтаҳои худро баъд аз баркашидан, ба болои ғарам бурда рехтанду дигар ягон даҳан гап назада, зуд ба пахтазор даромада рафтанд.
Аз мобайн дере нагузашта, ба сари звенои Зебӣ Егоров ва зани ӯ, ки ду пешдоман пур пахта чида буданд, пайдо шуданд. Онҳо ба беором чақон – чақон пахтачинии Зебӣ, толибаи вай Барно ва ду-се духтари колхоз нигоҳ карда, дар ҳайрат мемонданд.
– Сергей, – гуфт ба шавҳари худ муроҷиат карда Елена Сергеевна, – дидӣ, чӣ хел тез мечинанд.
Ҳамин вақт аз рӯбарӯ Ҷамолиддин, Мамараҷаб ва аъзоёни звенои ӯ намоён шуданд. Зебӣ бодиққат ба сӯи Мамараҷаб нигоҳ карда, гап партофт:
– Монда нашавед, Мамараҷаб, ҳа, боз ба ин тараф омада мондед?
Мамараҷаб ҳам табассумкунон ҷавоб дод:
– Саломат бошед, пахтаи замини болоро чида шудем, акнун ҳуҷумро аз ин ҷо сар мекунем, Зебинисо!
– Ҷидду ҷаҳдатон хеле зӯр менамояд-а?
– Набошад чӣ, мо беҳуда чангу ғубори фронтро чашида наомадаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ