Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Взводи Сафар дар ҳайати полк аз ин қӯрғон ба тарафи чап баргашта, ҳамроҳи дигар ҷузвитомҳо ба муқобили гурӯҳҳои немис, ки дар шимоли шаҳр иҳота карда шуда буданд, ҷангро давом дод.
Барои Сафар аввалин бор дар шаҳр ҷанг кардан хеле мураккаб ва мушкил буд. Немисҳо, ки дар болохонаҳои нимвайрона, дар гардишҳо ва паси деворҳои биноҳои фатарот ва дар таҳхонаҳо шинак гирифта буданд, як дақиқа ҳам оташфишониро бас намекарданд.
Илова ба ин ҷойҳое буд, ки дар ними биноҳо ҷанговарони советӣ, дар ними дигараш фашистон ҷойгир шуда, бетанаффус ба муқобили якдигар оташфишонӣ мекарданд. Кас дарҳол сарфаҳм рафта наметавонист, ки дар куҷо душман ва дар куҷо худиҳо. Охир аз ҷузвитомҳои сталинградӣ як гурӯҳ ҷанговарон ба взводи Сафар ҳамроҳ шуда, якҷоя ба муқобили душман мубориза бурда, қадам ба қадам ӯро танг карда рафтан гирифтанд.
Ҳамин тавр, ин шаби дарози чиллаи зимистон ҳам рӯз шуд. Акнун Сафар аз мавқеи худ, ки дар қарибиҳои маҳалли корхонаи тракторсозӣ буд, манзараи андӯҳгини шаҳрро нисбат ба шабона дида равшантар дида метавонист. Ба ҷои шаҳр, ба ҷои биноҳои серошёна, кӯчаҳои қирпӯши ду тарафаш дарахтзор ва корхонаҳо ҳоло ба чашм танҳо чордеворҳои аз тиру гулӯла мисли ғалбер сӯрохшуда, сангу хоктӯдаҳо, чуқурию пастхамиҳои каҷу килеби пур аз оҳану тунукапораҳо, якта – нимта биноҳои нимфатароти ҳанӯз ба дуди сӯхтор печидае ба назар менамуданд...
Як вақт ба чуқурие, ки Сафар менишаст, капитан Володин давида фуромад.
– Чӣ хаёл карда нишастаӣ, тоҷикписар? – пурсид ӯ.
– Бинед, шаҳрро чӣ хел хароб кардаанд, рафиқ капитан.
– Мо ин харобаҳоро ҳар навъ карда боз гулистон мекунем, – ҷавоб дод Володин чашмашро ба пеш дӯхта, – аммо онҳо сохти футурравандаи худро дигар рост карда нахоҳанд тавонист... Канӣ ба пеш!
Сафар баробари Володин аз чуқурии шинакгирифтааш ҷаҳида хеста аз паноҳкунии дуди сӯхтор фоида бурда, ба сӯи бинои якқабатаи дарози бедару тиреза, ки дар рӯ ба рӯяш буд, давид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо