Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Писарам, нури дидаи модар, ман ҳозир барои ту аввало роҳи сафед ва ба ҷони ҷавонат амонӣ металабам. Рав, писарам, ҳамроҳи ҷӯраҳоят дар куҷое, ки бошӣ, зафар ёрат бошад. Аз ту ҳаракат, аз мо баракат гуфтагӣ барин, ту чӣ қадар ҷонбозӣ кунӣ, модарат ҳам дар қатори дигарон ҳамон қадар бо меҳнати худ туро розӣ мекунад. Худат дур бошӣ, суратат ҳамеша дар дидаи очаат.
Умрихола ҳар ду дастонашро ёзонда ба сӯи саҳна, ки дар он ҷо Сафар рост меистод, рафт. Вай дар ин дақиқаҳо ғайр аз писараш дигар чизеро намедид. Сафар ҷаҳида поён фуромад ва худро ба оғӯши модараш андохт. Модару фарзанд ҳамин тавр якчанд дақиқа хомӯш монданд ва Умрихола аввалин бор дар умри худ дар мобайни мардум аз ашкҳои худ шарме накарда, гиря мекард.
Пас аз ба охир расидани ин ҷамъомад, ҳама ба сари кӯча баромаданд. Дар сари кӯча панҷ кас, панҷ аспи зину лаҷомзадаро дошта меистоданд. Дар як гӯшаи кӯча ду аробаи дуаспаи чорчарха, ки аз болои борҳояш брезент партофтагӣ буд, меистод.
Сафар ва ҳамроҳони ӯро мардум миёнагир карда аз бошишгоҳ бароварданд. Баъзеҳо роҳ рафта истода хушбошӣ мекарданд, баъзеҳо то Сталинобод ба гусел рафтани худро изҳор менамуданд. Дар паҳлӯи рости Сафар модараш, дар паҳлӯи чапаш Юнусбобо буданд.
Дар майдони пеши бошишгоҳ боз одамон ба гирду атрофи онҳо давра гирифтанд. Сафар ва шарикони ӯ ба ҳамаи онҳо дубора даст дода, ба оғӯш гирифта хайрухуш мекарданд. Занон бошанд, аз пешонаи онҳо мебӯсиданд ва ба сару рӯяшон навозишкорона даст мемолиданд.
Сафар як-як бо одамон хушбошӣ карда, ба котиби колхоз Мамараҷаб ва амаки ӯ Мирбадал рӯ ба рӯ омад. Ҳамон замон мактуби ба Зебӣ супурдаи Мамараҷаб хотири ӯро банд кард. Вале ӯ худро одами аз ин воқеа бехабар вонамуд карда, бо чеҳраи кушод ва самимона ба Мамараҷаб даст дароз карду пурсид:
– Ҳа, Мамараҷаб, хӯш?
– Ҳеҷ, хотирҷамъӣ, – ҷавоб дод Мамараҷаб бепарвоёна.

пешина
аз 333
навбатӣ