Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Военкомат рафта будӣ, чӣ шуд?
– Панҷ-шашрӯза ҷавоб дод.
– Ман хаёл карда будам, ки ту ҳамроҳи мо меравӣ.
Ба гап Мирбадал ҳамроҳ шуда, бо овози нимхиррӣ кинояомез гуфт:
– Охир, ҳама якбора равад, ин ҷойҳо шағолхона шуда мемонад-ку.
– Чӣ, магар шумо ва ана ин ҷамоат одам ҳисоб намешавед? – гуфт Сафар.
– Мо-ку мо, лекин ҳар чӣ бошад ҳам, ҳусни деҳа ҷавонмардон ҳастанд, мулло. Ана, худатон дида истодаед, ки рафтани шумо дили як деҳа одамро чӣ қадар маъюс карда истодааст, – ҷавоб дод Мирбадал хушомадомезона.
– Фақат дили мардуми ин деҳаро ба эътибор гирифтан кам аст, акои Мирбадал, – гуфт Сафар бо қаҳри ботинӣ.
– Хайр, ҳеҷ гап не, ҷӯра – гӯён Мамараҷаб сухани Сафарро бурид, – вақташ ояд, нарафта чӣ, руст мешудем-мӣ?!
– Худат медонӣ, ба фикрам, ору номуси ҷавонмардӣ аз ҳама чиз баландтар аст.
– Ҳа, албатта.
– Хайр, саломат бош, то дидан, – гӯён Сафару Мамараҷаб дасти ҳамдигарро фишурданд. Мирбадал ҳам бо якчанд суханҳои нӯгизабонии тамаллуқкорона бо Сафар хайрухуш кард.
Сафар, баъди бо якчанд одамони гирду атрофаш хайрухуш кардан бо чашмони пуризтироб аз байни мардум Зебиро меҷуст. Зебӣ бошад, бо як тӯда мактаббачагон дар як канор меистод. Мактаббачагон ба Сафар часпиданд, ӯро оғӯш карданд ва аз ӯ такрор – такрор мактуб навиштанро илтимос карданду дар охир яке аз онҳо галстуки пионерии худро «Аз мо ёдгорӣ нигоҳ доред» гуфта ба гардани Сафар баста монд. Ҳар боре, ки талабаҳо ба Сафар часпида, бо вай самимона хайрухуш мекарданд, ин ҳисси дӯстдорӣ ва муҳаббати софи бачагӣ ба чашмони Сафар ашки шодӣ медавонд...

пешина
аз 333
навбатӣ