Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Кадом мактабро тамом кардед?
– Институти педагогии Сталинобод, факултети забон ва адабиёти онро.
– Ҳамин институт? – полковник аз ҷои истодааш ба сараш ба тарафи шимол ишора кард. Аз қаротеппае, ки дар он ҷо ҷанговарони қисми ӯ ба ҷузвитомҳо тақсим шуда, машғулият мегузаронданд, бинои сеошёнаи институти омӯзгорӣ ва дигар сохтмонҳои шаҳри Сталинобод намоён буданд.
– Бале, рафиқ полковник, – ҷавоб дод Сафар.
– Кӣ шуморо ба армия даъват кард? – боз пурсид полковник бо он мулоҳизае, ки ин муаллими маълумоти олӣ дошта чӣ тавр ба сафи аскарони қаторӣ афтодааст.
– Бо хоҳиши худам омадам, рафиқ полковник, – ҷавоб дод Сафар.
– Ҳо, ин тавр, яъне ихтиёран? – саволомез кашол дода гап зад полковник ва аз сар то пои Сафарро аз назар гузаронд. – Бисёр хуб, бисёр нағз, рафиқ Одинаев. Ҳамроҳ фашистонро мекӯбем гӯед?
– Албатта, рафиқ полковник, – илова кард Сафар аз мамнунияти полковник хурсанд шуда.
Полковник, баъд аз он ки як дам хомӯшона ба атроф назар партофта гирифт, аз Сафар пурсид:
– Агар шуморо ба командирии отделения таъйин кунем, розӣ мешавед?
Сафар дарҳол ҷавоб надода каме фикр карда монд.
Полковник ҷавоби ӯро нагирифта илова кард:
– Ин кор ҳам бо роҳи худаш муаллимӣ аст.
– Аз ӯҳдааш баромада метавониста бошам, рафиқ полковник?
– Дар армия дудила гап заданро одат накунед, – гуфт полковник. – Армия қатъӣ, бурро, равшан, хулоса карда гап заданро талаб мекунад.
– Итоат, рафиқ полковник! – ҷавоб дод Сафар.
– Командири взводро гӯед ба пеши ман ояд.
– Итоат, ҳозир! – Сафар давон-давон ба назди фармондеҳи взвод, ки дар пастхамии теппа бо гурӯҳи дигари ҷанговарон машғулият мегузаронд, рафт ва фармони полковникро ба ӯ расонд. Фармондеҳи взвод ҳамон замон ҳозир шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё