Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рафиқ полковник, лейтенант Осмухин мувофиқи фармони шумо ҳозир шуд.
– Рафиқ лейтенант, аз пагоҳ Одинаевро, – ишора кард полковник ба Сафар, – ба подразделенияи тайёркунандаи командирони отделения фиристед. Баъд аз тайёрии якмоҳа боз ба взводи худатон меояд.
– Итоат, рафиқ полковник, – ҷавоб дод лейтенант Осмухин.
Баъд аз ними рӯз фармонднҳи взвод танаффус эълон кард. Ҳама аз сангарҳои худ хеста, ба доманаи теппа гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда нишастанд. Як гурӯҳи ҷанговарон рӯ ба боло бо телпаки худ рӯяшонро аз офтоб панаҳ карда, дигарашон рӯ ба замин тахтапушташонро ба офтоб дода хоб мекарданд. Як қисми дигари ҷанговарон, чорзону нишаста, аз дуди ғафси махоркаи солдатӣ, ки дар коғази рӯзнома ғафс – ғафс печонда шуда буд, кайф мекарданд. Дар як тарафи ҳамин гурӯҳ Сафар ҳам нишаста, аз рӯзномаи нав ахбороти Идораи иттиолотро бо овози баланд мехонд. Вақте ки Сафар хабари оид ба ҷангҳои назди Москваро мехонд, ҳама хомӯш нишаста мешунавиданд. Дар ҳамин асно кадом як ҷанговар сахт сулфид.Дигарон аз сулфаи бемаҳали ӯ ранҷидагӣ барин якбора ба ӯ нигоҳ карданд. Ҷанговари рӯкалон ва гӯшҳояш аз гӯшҳои муқаррарӣ калонтар, ки дар паҳлӯи Сафар менишаст, ба ҳамон ҷанговари сулфааш гирифта, гуфт:
– Чӣ, дар гулӯят магар устухон дармонд, Дадабой:
– Не, аз афташ шушаш ба даҳонаш омад, – илова кард ҷанговари харобакаки хандонрӯ.
– Набошад зуд бо шомпол тела додан лозим, – гуфт боз як ҷанговар аз мобайн.
Дадабойи ленинободӣ, баъд аз сулфаашро нигоҳ доштан, ба ҷанговари харобакак нигоҳ карда гуфт:
– Чӣ, оё сулфаи мо табиати нозуки камаровиро хира кард? – Дадабой ба Нозир лақаби «камаровӣ» дода буд.
– Дида истодаӣ-ку, бачамард, Сафар коҳида рӯзнома мехонад, – ҷавоб дод Нозири камаровӣ.
Дадабой чашмони аз сулфаи сахт ашконаш баромадаи

пешина
аз 333
навбатӣ